Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дувуми Маҷлиси миллиро баргузор кард

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ даъвати шашум баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар ҷаласа 30 масъала, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ва "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ", "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ", "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии гражданӣ"баррасӣ шуданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Нашри ҳолномаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ: аз серфарзандию забондонӣ то хатми академияи хориҷӣ

Ҳамчунин дар иҷлосия "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҶТ" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ", Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи кино", "Дар бораи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъиншуда", "Дар бораи гаравхона (ломбард)" мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар бораи бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва интихоби намояндаи Маҷлиси миллӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқарраргардида баррасӣ карданд.

Инчунин, қарорҳои дахлдор "Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020", "Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо", "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатномаи раис, муовинон ва судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо" қабул гардиданд.

 

Лентаи хабарҳо
0