Мадина Акназарова

Хандаю гиряи Мадина: суҳбат аз ҷудоии волидон, таҳдид бо корд ва ошиқи қафқозӣ-видео

7306
(Таҷдидшуда 12:44 27.06.2020)
Мадина Ақназарова, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик, дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исо аз ҳаёту эҷодиёти худ бо хандаю ҷое бо гиря нақл кард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ӯ гуфт, ягона духтари волидонаш мебошад ва замоне, ки синфи як мерафт, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд.

Ба гуфтаи овозхон, модараш ӯро чунин тарбият кардааст, ки дар ҳар ҳолату дар ҳар сурат миннатдори падараш бошад, чун маҳз падар ӯро ҳаёт бахшидааст.

Ақназарова таъкид кард, ки ҳеч гоҳ аламу бадбиние нисбати падар надошт, аммо гоҳо агар зери таъсири омилҳое аз атроф сари эҳсос чизе гӯяд, модар ҳамеша ба дӯстдории падар талқинаш мекард.

Иқрор бо дидаи гирён: Мадина гуфт, падарашро дӯст намедорад-видео

Ӯ дар идома ашк рехту гуфт, нахустин бор дар зиндагист, ки аз барои падар гирист.  Овозхон дар шарҳи ашкрезӣ гуфт, дар кӯдакӣ набудани падарро тақрибан эҳсос намекард, аммо замоне 13 ё 14 сол дошт, падар пайдо шуду таваҷҷуҳ мекарду боз якбора ғайб зад. Шояд зуҳури ин лаҳза дар хотира боиси ашкрезӣ шуд, илова кард Мадина.

Ӯ афзуд, ки феълан падараш оиладор мебошад, дар Помир истиқомат мекунад ва чун фарзанд омода аст, ҳар кумаке лозим шаваду аз дасташ ояд, мерасонад. Ақназарова дар идома иқрор шуд, ки падарро эҳтиром мекунад, аммо ҳисси дӯстдорӣ нисбати ӯ надорад.

“Дӯст медоранд,  вақте инсон дар наздат аст, дар зиндагият иштирок мекунад,  аммо дӯстдорӣ аз маҷбурӣ намешавад”, - изҳор дошт Мадина.

Ошиқи қафқозӣ

Ба суол дар  бораи саргузаштҳои ошиқона, Мадина гуфт, ки замони зиндагияш дар Санкт Петербург ҳеч чунин ҳолате бо ӯ рух надодааст, ҳатто туҳфа дар рӯзи ошиқон нагирифтааст.

Овозхон нақл кард, танҳо ҳолате буд, ки ҷавони қафқозие ба ӯ таваҷҷуҳ карду чанд рӯз паиҳам бо гулу гулдастаҳо аз мактаб пешвоз мегирифт, аммо ӯ тарсиду он ҳамаро қабул накард. Мадина гуфт, дар пайи шунидани қиссаҳои арӯсдуздӣ чанд ҳафта, ӯро шавҳари холааш ба мактаб ҳамроҳӣ мекард ва бо ин қазия анҷом ёфт.

Таҳдид бо корду бозгашт ба Ватан

Дар Русия зиндагияш мушкилию нофаҳмие надошт, танҳо боре духтаре ба далели тоҷик буданаш ӯро таҳқир карду бо корд таҳдид намуд, ки он ҳам бо узрхоҳии он духтар анҷомидааст. Овозхон аз ҳамсинфону устодонаш тавсиф кард.

Дар идома Мадина Ақназарова дар бораи бозгашти оилааш ба Душанбе, таҳсилаш дар риштаи санъат, майлаш ба овозхонии классикӣ, опера, эстрада ва халқӣ суҳбат карда, чанд пораи сурудро низ иҷро намуд.

7306
Барчаспҳо:
суҳбат, Русия, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон и Си Цзиньпин

Ваксинаи ройгони Чин: Раҳмон изҳори сипос кард

343
Чин изҳор доштааст, ки омода аст Тоҷикистонро бо ваксинааш бепул таъмин кунад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо роҳбари Чин Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксини ройгонаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии  Тоҷикистон ва Чин  муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони натиҷаи пандемия баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин миннатдории Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани  ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштааст.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.

Сарони  давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои   судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати  ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст.

Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

343
Барчаспҳо:
Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Чин, Тоҷикистон
Глава МИД РТ встретился с преседателем парламент Афганистан Миррахмон Рахмони

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мир Раҳмон Раҳмонӣ чиҳо гуфтанд?

24
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон  бо раиси парлумони Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид.

"Бо мақсади ҳаққи масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил шуд", - хабар медиҳад манбаъ.

Изҳори умедворӣ шуд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парлумонҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад.

Глава МИД РТ встретился с преседателем парламент Афганистан Миррахмон Рахмони
Глава МИД РТ встретился с преседателем парламент Афганистан Миррахмон Рахмони

Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.

Аз мулоқот бо Ғанӣ то Абдуллоҳу Амруллоҳ Солеҳ: чаро Ятимов ба Кобул рафт?

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва байнипорлумонии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

24
Барчаспҳо:
Сироҷиддин Муҳриддин, сиёсат, мулоқот, Тоҷикистон, Афғонистон
Пост БДА в Хороге, архивное фото

Табибон вазъи Маҳмадбоқиров, аз лидерони ғайрирасмии Бадахшонро шарҳ доданд

0
(Таҷдидшуда 20:38 01.03.2021)
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, феълан дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ зери назорати табибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Маҳмадбоқиров, ки ҳафтаи дуюм дар шифохонаи Оқохон дар Хоруғ табобат мегирад, феълан мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳад шуд.

“Вазъаш хуб аст, ният буд, имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шавад, аммо боз тасмим гирифтем, ки чанд муддати дигар зери назорат бимонад. Рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб дода мешавад”, - изҳор дошт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад, таъкид кард мусоҳиб.

Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид намуд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд. 

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон