День 28 июня

Ҷашнҳои рӯзи 28 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

58
(Таҷдидшуда 20:13 27.06.2020)
Рӯзи бистуҳаштуми июн дар Қазоқистон аз Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот ва дар Украина аз Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1944 ИМА муносибатҳои дипломатиашро бо Финландия қатъ кард.

Соли 2000 Парлумони Эстония бо мақсади ҳимояи саломатии шаҳрвандон Қонун "Дар бораи манъи истеъмоли тамоку"-ро қабул кард.

Соли 2004 Ҳукумати муттаҳидаи Ироқ ташкил гардид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1965 дар ИМА аз ҳама киштии калонтарини зериобӣ ба ҳаракат дароварда шудааст.

Соли 1994 футболбози дастаи мунтахаби Русия Олег Саленко дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба дарвозаи Камерун 5 гол зада, рекорд гузошт.

Рӯзи 28 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба тасвиб расид.

Ҷашнҳои рӯзи 25 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда буданд,  аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок"-ро ба имзо расониданд.

Соли 2013 "Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017" тасдиқ карда шуд.

Соли 2007 Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Маркази иттилоотӣ-захиравӣ таъсис дод

Ҷашнҳои рӯзи 28 июн

Дар Қазоқистон — Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот.

Дар  Украина — Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 28 июн кӣ ба дунё омадааст

Соли 1712 — нависандаи фаронсавӣ Жан-Жак Руссо.

Соли 1809 - Таърихшиноси низомии Русия, мемуарист, шоҳзода Николай Голитсин.

Рӯзи 28 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1921 - коршиноси тибби халқӣ Ҳомилҷон Зоҳидов.

Соли 1934 - овозхон, оҳангсоз Муҳаммадато Таваллоев.

Рӯзи 28 июн кӣ даргузашт

Соли 1836 - чорум президенти ИМА Ҷеймс Мэдисон.

58
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ

Юсуф Раҳмон: “Тафтиши парвандаи “Хӯҷа - Командир” ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”

34
(Таҷдидшуда 13:38 14.07.2020)
Парвандаи Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба “Хӯҷа - Командир”, ки ҳанӯз моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе интиқол ёфта буд, ҳамоно дар дасти тафтишот аст ва ниҳоӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати Хӯҷа Каримов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Парванда ҳанӯз такмил нашудааст. Пас аз анҷоми тафтишот ба суд ирсол хоҳад шуд”, - кӯтоҳ посух дод Юсуф Раҳмон.

 Парванда алайҳи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.

 Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд. Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

34
Барчаспҳо:
марҳилаи ниҳоӣ, тафтиши парванда, Юсуф Раҳмон, додситони кулл, Прокурори генералӣ, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

"Хушхабар"-и Раҳмон: ҷиноятҳои махсус вазнин дар Тоҷикистон кам шудаанд

37
Дар умум нисбат ба нимсолаи соли 2019 дар Тоҷикистон ҷиноят 2 дар сад камтар содир шуда, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба маротиб камтар шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки хушбахтона нимсолаи аввали соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят, аз ҷумла ҷинояти вазнин коҳиш ёфтааст.

"Дар нимаи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон 12 293 ҷиноят содир гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта 256 ё 2 дар сад кам мебошад", - гуфт вай дар посух ба суоли хабарнигорон.

“Пневмония шуда будам”: Юсуф Раҳмон дар бораи ҷиноятҳои давраи “вируси корона”

Тавре ҷаноби Раҳмон тавзеҳ дод, дар ҳамин ҳол бархе намудҳои ҷиноятҳо афзоиш ёфтаанд, аммо шарҳ надод, ки кадом.

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар кишвар ба маротиб камтар шудаанд. Масъалан, ҷинояти "бандитизм", ки соли гузашта 5 ҳолати он ба қайд гирифта шуда буд, имсол ба "сифр" баробар аст.

"Одамкушӣ ва сӯиқасд ба омдамкушӣ, соли гузашта 48 ҳолат буд, имсол 35 ҳолат - 27 фоиз камтар шудааст, ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин 56 адад содир шудааст, соли гузашта 62 адад буд - 9,6 фоиз кам шудааст, хариду фурӯши одамон 10 ҳолат буд ва имсол низ 10 ҳолат, ғоратгарӣ 8, 1 дарсад кам шудаст, қаллобӣ 23,1 фоиз кам шудааст, бандитизм ягон ҳолат содир нашудааст", - афзуд Юсуф Раҳмон.

37
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти ҳунарманди машҳур Абдураим Абдуваҳҳобов

0
(Таҷдидшуда 14:24 14.07.2020)
Сабаби даргузашти ҳунарманд - Абдураим Абдуваҳҳобов, ки дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт, то ҳол маълум нест

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон - Абдураим Абдуваҳҳобов аз олам даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

Сабаби даргузашти ҳунарманд то ҳол маълум нест, ӯ ҳамагӣ 57-сол дошт.

Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ

Абдураим Абдуваҳҳобов 8 августи соли 1963 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ дар филмҳои "Шум бола" -  (Садои дард), "Суюнчи", "Мухаббат синовлари", "Назира" ва сериоли "Шайтанат"  ва дар дигар намоишномаҳо нақш бозидааст.

Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод

Ҳамчунин Абдуваҳҳобов дар филми "Жўра овчи" - и "Тоҷикфилм" нақш офаридааст.

0
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Ӯзбекистон