Заключенный в колонии, архивное фото

Мубодилаи зиндониён миёни Эрону Тоҷикистон

337
(Таҷдидшуда 02:56 28.06.2020)
Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ, аз мубодилаи яке аз маҳкумони эронӣ бо як маҳкуми тоҷикистонӣ дар Душане хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Маҳмуди Аббос афзуд, ин мубодила бо ҳузури мушовири муовини ҳуқуқи башари вазири додгустарӣ ва мақомоти қазоии Тоҷикистон анҷом ефт, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Вай афзуд, дар ондаи наздик теъдоди дигаре аз зиндониёни ду кишвар мубодила хоҳанд шуд.

Паёми раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба раёсати Маҷлиси Шурои исломии Эрон

Раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Вазорати додгустарӣ ҳамчунин аз истирдоди як муттаҳами туркманистонӣ дар марзи ду кишвар хабар дод ва ибрози умедворӣ кард, ки ба зудӣ боқимондаи маҳкумони эрноӣ аз Туркманистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон таҳвил шаванд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта панҷ нафар аз эрониёни зиндонӣ дар Тоҷикистон пас аз қабули қонуни афв бо пайгириҳои сафорати Эрон дар Душанбе озод шуда буданд.

Геворгян: барои Тоҷикистон барқарор намудани ҳамкорӣ бо Эрон муҳим аст

Ин афрод пас аз озодӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Эрон бозгаштаанд.

337
Барчаспҳо:
маҳкум, вазир, зиндониён, Тоҷикистон, Эрон
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

12
(Таҷдидшуда 15:54 13.07.2020)
"Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" барои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст.

Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

12
Барчаспҳо:
корҳои фаҳмондадиҳӣ, Бадахшон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

242
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

242
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон