Шабнам Сурайё

Шабнами Сурайё дар бораи шӯҳрат, худшиносӣ ва инсони воқеӣ будан гуфт

945
(Таҷдидшуда 12:47 28.06.2020)
Шабнами Сурайё сарояндаи шинохтаи тоҷик дар саҳифааш дар Instagram аксҳои ҷадид нашр карда ва шаҳри мукаммале навишт

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар Instagram дар бораи зиндагӣ, нақши инсон дар ҳаёт ва худшиносӣ гуфт.

"Ман бар он андешаам, ки инсон будан ва якранг мондан неъматест беарзиш. Чун аз рӯзи шинохти хеш то ба охирин нафас рисолату нақши инсониро дар саҳнаи умр иҷро кардан мансуби ҳар кас нест. Ман то ҳол толибам дар дарбори худшиносӣ ва ҳар гоҳе аз худу ҳар кас чизеро таҷриба мекунаму меомӯзам. Бадиро барои қиёс, хубиро барои имтиёз! Номе, ки барои мо гузошта то охир бо мост, аммо номи одами меҳмон аст, касеро як бор аёдат мекунаду касеро то охир сокини умраш мегардад", - навиштааст Шабнам.

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

Дар идома сароянда гуфтааст, ки  барои ӯ на зару зевар, балкӣ инсон будан ва номи накӣ доштан муҳим ва дар мадди аввал аст.

Назаров дар бораи самимияти Шабнам, меҳмоннавозии Зикриаллоҳ ва ягона генийи Тоҷикистон

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Салом азизон? Хуб хастед? Ман бар он андешаам, ки инсон будан ва якранг мондан неъматест беарзиш. Чун аз рузи шинохти хеш то ба охирин нафас рисолату накши инсониро дар сахнаи умр ичро кардан мансуби хар кас нест. Ман то хол толибам дар дарбори худшиноси ва хар гохе аз худу хар кас чизеро тачриба мекунаму меомузам. Бадиро барои киёс, хубиро барои имтиёз! Номе, ки барои мо гузошта то охир бо мост, аммо номи одами мехмон аст, касеро як бор аёдат мекунаду касеро то охир сокини умраш мегардад. Барои ман мухимтарин дорои номи инсони, ки ба неки хамеша бар забон фармоянд халоик! На шухрату зар, на зебоиву маком, балки номи ОДАМИ! То чи андоза ба ин хадаф наздик омадаед? Андешахои шуморо дар сатри назарпурси (комментария) мунтазирам. Хушруз бошед. ——————————————————————————— Ташаккур азизам @lolai_zulya барои ин зебогӣ, беҳтарини!❤️🌹

Публикация от Shabnam Surayo (@shabnamsurayoofficial)

Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам

"Барои ман муҳимтарин дороӣ номи инсонӣ, ки ба некӣ ҳамеша бар забон фармоянд халоиқ! На шуҳрату зар, на зебоиву маком, балки номи ОДАМӢ!", - навиштааст Шабнам ва аз ҳамвандонаш суол кардааст, ки то чӣ андоза онҳо ба ин ҳадаф наздик омадаанд ва хоҳиш кардааст, ки анндешаҳои худро дар сатри назарпурсӣ нависанд.

945
Барчаспҳо:
овозхонӣ, фарҳанг, Шабнами Сурайё
Мавзуъ
Лағви консерти Шабнами Сурайё дар Ню - Йорк ба далели коронавирус
Нашри суруд ва намоҳанги нави Шабнами Сурайё дар "Москва сити" - видео
Шабнами Сурайё ба Эмомалӣ: "мо бо шумо ифтихор дорем, Рустами достон аз китоби шоҳон"
Шоу-консерти хайриявии Шабнами Сурайё дар Душанбе - акс
Шабнами Сурайё бемор шудааст: расонаҳо
Пас аз беморӣ: Шабнами Сурайё мардуми Тоҷикистонро бо Соли нав табрик гуфт
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Қарори Ҳукумат: 400 сомонӣ кумакпулӣ ба кӣ ва кай пардохта мешавад

121
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои иҷрои фармонаш дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қарори Ҳукуматро имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.

Мақомоти марказӣ муваззаф шудаанд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пешниҳод намоянд.

Вазорати молия дастур гирифтаст, ки барои пардохти кумакпулӣ маблағ ҷудо намояду "Амонатбонк" интиқоли саривақтии маблағҳоро ба кортҳои бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ таъмин намояд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.

121
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, Тоҷикистон
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар

63 соли имомати Оқохони IV: исмоилиён ид доранд-акс

314
Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз 11 июл 63-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Шоҳ Карим ал Ҳусайниро таҷлил доранд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.

Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад, дар баробари ҳаммазҳабонашон аз нуқоти гуногуни ҷаҳон 11 июлро ҳамчун Рӯзи Имомат таҷлил мекунанд.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки исмоилиёни Тоҷикистон асосан дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегарданд. Чун хизмат ба ҷамоатро исмоилиён аз арзишҳои аслии ҳаётии худ медонанд, дар ин рӯз бисёри хизматрасониҳо дар навоҳии ВМКБ, аз ҷумла мусофирбарию дигар намуди хадамот ройгон сурат мегиранд.

Кумаки Ожонси Оқохон барои мубориза бо COVID-19 дар Суғду Хатлон-аксҳо

Дар шароити пандемия таҷлили рӯзи Имомат низ бо бархе тағйирот амалӣ мешавад ва бисёри чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн баргузор мешаванд. Аз ҷумла созмони Нур дар Русия эълон кард, ки дар шароити маҳдудиятҳои марбути пандемия бархе чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн сурат мегиранд.

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

314