Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

1566
(Таҷдидшуда 13:23 28.06.2020)
Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, имрӯз 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Амонулло Қодиров дар синни 75-солагӣ даргузашт.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

1566
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҳунарпеша, даргузашт
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Қарори Ҳукумат: 400 сомонӣ кумакпулӣ ба кӣ ва кай пардохта мешавад

100
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои иҷрои фармонаш дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қарори Ҳукуматро имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки гурӯҳҳои осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.

Мақомоти марказӣ муваззаф шудаанд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пешниҳод намоянд.

Вазорати молия дастур гирифтаст, ки барои пардохти кумакпулӣ маблағ ҷудо намояду "Амонатбонк" интиқоли саривақтии маблағҳоро ба кортҳои бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ таъмин намояд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.

100
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, Тоҷикистон
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар

63 соли имомати Оқохони IV: исмоилиён ид доранд-акс

307
Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз 11 июл 63-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Шоҳ Карим ал Ҳусайниро таҷлил доранд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.

Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад, дар баробари ҳаммазҳабонашон аз нуқоти гуногуни ҷаҳон 11 июлро ҳамчун Рӯзи Имомат таҷлил мекунанд.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки исмоилиёни Тоҷикистон асосан дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегарданд. Чун хизмат ба ҷамоатро исмоилиён аз арзишҳои аслии ҳаётии худ медонанд, дар ин рӯз бисёри хизматрасониҳо дар навоҳии ВМКБ, аз ҷумла мусофирбарию дигар намуди хадамот ройгон сурат мегиранд.

Кумаки Ожонси Оқохон барои мубориза бо COVID-19 дар Суғду Хатлон-аксҳо

Дар шароити пандемия таҷлили рӯзи Имомат низ бо бархе тағйирот амалӣ мешавад ва бисёри чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн баргузор мешаванд. Аз ҷумла созмони Нур дар Русия эълон кард, ки дар шароити маҳдудиятҳои марбути пандемия бархе чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн сурат мегиранд.

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

307