Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рафт

2173
(Таҷдидшуда 13:27 28.06.2020)
Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон рафта, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат карда, ба ӯ туҳфаҳо тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон роҳбари вилоят ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми шоиста ва назарраси Оқил Оқилов дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр дошт, ки давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону дигар қишри ҷомеаро қарор додааст.

Дар фарҷоми суҳбат ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Оқил Оқилов изҳори сипоси худро ба Мақомоти вилояти Суғд баён намудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят собиқадорони меҳнат, пирони хирад ва шахсони барӯмандро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим кард.

2173
Барчаспҳо:
аёдати собиқадор, туҳфа, Суғд, раиси вилояти Суғд, сарвазир, Тоҷикистон
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем

Даҳ миллион доллар барои хариди таҷҳизот ба хотири назорати кӯли Сарез

41
(Таҷдидшуда 16:12 27.11.2020)
Бонки Рушди Осиё (БОР) ба Тоҷикистон барои хариди таҷҳизот барои назорати кӯли Сарез маблағ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои интиқол, насб ва ба истифодаи таҷҳизот барои навсозии системаи назорат ва огоҳии пешакӣ кӯли Сарез дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонид, иттилоъ додааст намояндагии Бонки Рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон.

 Таъкид шудааст, ки шартнома қисми Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҷониби гранти БОР ба маблағи 10 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.

Шартнома ба маблағи 750 ҳазор доллар бо ширкати “Group Limited Liability Partnership”-и Қазоқистон, ки дар натиҷаи озмуни кушоди БОР интихоб гардидааст, имзо шуд.

Таъкид шудааст, ки таҷҳизоти нави назорат ва огоҳкунии барвақт аз дастгоҳҳои GPS, акселерометрҳои қавиҳаракат, санҷандаҳои (датчики) фишори зериобӣ, бесарнишин, радио, телефонҳои моҳворавӣ, истгоҳҳои обу ҳавои автомобилӣ, истгоҳҳои гидрологӣ, истгоҳҳои гидрометрӣ ва ғайра иборатанд.

Кӯли Сарез дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин кӯл соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки ярчҳои азимеро ба амал овард ва дарёи Мурғобро баст, ба вуҷуд омадааст. Дарозии кӯл зиёда аз 60 км, чуқуриаш 500 м буда, тақрибан 17 километри мукааб об дорад. Минтақаи кӯл зери фаъолнокии назарраси сейсмикӣ қарор дорад, ки он назорати кӯлро талаб мекунад.

БОР моҳи сентябри соли 2018 Лоиҳаи идораи хатари офатҳои табииро барои кумак ба Тоҷикистон дар омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ ба одамон тасдиқ кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иҷрокунандаи ин лоиҳа мебошад.

41
Барчаспҳо:
харидорӣ, таҷҳизот, назорат, БОР, Тоҷикистон
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото

Чипта 42 евро: “Сомон Эйр” парвозҳои масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо барқарор кард

141
(Таҷдидшуда 15:43 27.11.2020)
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо барқарор менамояд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, бо мақсади қонеъ намудани талаботи мардум ба интиқолоти ҳавоии самти шимоли кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанбе аз сар мегирад.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд санаи 29-уми ноябр шурӯъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд,  интизор меравад минбаъд парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ин самт амалӣ гардад.

“Тибқи талабот кулли мусофирон дар толори фурудгоҳ ва дар ҷараёни парвоз бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд”,-афзудааст, манбаъ.

 Ин ширкат таъкид кардааст, ки мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

“Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ 20 кг (эконом-класс) ва бори дастӣ 7 кг муқаррар шудааст”,-гуфтааст, дафтари матбуотии ширкат.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар чиптаҳоро дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ метавонанд ба даст оваранд.

Тибқи нишондоди сомонаи ширкат нархи сафар барои як тараф 42 евро эълон шудааст.

141