День 30 июня

Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

58
(Таҷдидшуда 00:55 30.06.2020)
Рӯзи сиюми июн дар Салвадор Рӯзи кормандони бонк ва дар Гватемала аз Рӯзи армия ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 30 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1894 машҳуртарин кӯпруки Лондон — "Тауэр-бриҷ" ба истифода дода шудааст.

Соли 1944 Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

День 29 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1994 шумораи маҳбусони ИМА ба 1 миллион нафар расид.

Соли 1999 дар Ню-Йорк ҷаласаи махсуси СММ оид ба баланд бардоштани нуфузи аҳолӣ баргузор гардид.

Соли 1954 дар ИМА расиде ба қайд гирифта шуд, ки маблағаш дар ҷаҳон аз ҳама бештар, яъне 4 миллиарду 176 миллиону 969 ҳазору  623 доллар ва  57 сентро ташкил дод.

Соли 1996 дар Англия фиринии (таоме, ки аз биринҷ ё ягон ярмаи дигар бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад) аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон истеҳсол шуд, ки  зиёда аз 46 метри мураббаъ масоҳат дошт.

Соли 1964 Моҳтоб аз масоҳати наздиктарин аксбардорӣ шуд.

Рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 татбиқи Лоиҳа оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), ки  барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, расман оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои солҳои 2014-2017» тасдиқ гардид.

Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ёвари вақти котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилд  ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима намуданд.

Соли 2016 "Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" қабул карда шуд.

Соли 1940 дар шаҳри Душанбе комбинати гӯшт ба истифода дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 июн

  • Дар Гватемала — Рӯзи армия.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго  — Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Салвадор –Рӯзи кормандони бонк.
  • Дар Муғулистон — Рӯзи қабули Конститутсия.
58
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

29
(Таҷдидшуда 16:16 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷоро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва поруи мавҷудбударо ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғалис дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сапт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

29
Самолет на закате, архивное фото

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад

241
Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

241