Вакилони парлумони Тоҷикистон ба таътил мераванд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан. Фото из архива
Здание парламента Республики Таджикистан. Фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон ба таътилоти тобистонӣ мераванд. Таътили вакилон аз 1 июл оғоз шуда, то 16 август идома меёбад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Охирин иҷлосияи порлумон рӯзи 30 июн баргузор ва пас аз он аз 1 июл таътилоти намояндагон оғоз хоҳад ёфт, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи маҷлиси Тоҷикистон.

XIX Всемирный фестиваль молодежи и студентов. Дискуссионная программа - Sputnik Тоҷикистон
Ба вакилон суол доред дар сомона пурсон кунед: парлумон ба сомонааш навгонӣ ворид кард

Манбаъ таъкид доштааст, ки таътилоти намояндагони парлумонии Тоҷикистон аз 1 июл оғоз шуда, то 16 август идома меёбад, аммо тибқи қонун, президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар рӯзҳои таътилот иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро баргузор кунад.

Ёдрас мешавем, ки дар интихоботи парлумонии 1 март аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

Аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 3,1 дарсад ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо 0,32 фоизи овозҳоро ба даст оварданд.

Инчунин дар интихобот 59 ҳазору 30 нафар, 1,39 дарсад мухолифи ҳама овоз додаанд. 

Дар моддаи 49 Конститутсия тартиби ташаккули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оварда шудааст. Маҷлиси намояндагон тариқи интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад; доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад (ҳамагӣ - 63 вакили Маҷлиси намояндагон).

Лентаи хабарҳо
0