Омори як ҳафтаи Хуҷанд: сабти 72 ҳолати таб ва 11 “илтиҳоби шуш”

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкПодготовка оборудования для искусственной вентиляции легких в
Подготовка оборудования для искусственной вентиляции легких в - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори қайди тасф ва бемории “илтиҳоби шуш” дар як ҳафтаи охирро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир 72 мавриди табъи баланд ва 11 ҳолати бемории “илтиҳоби шуш” ба қайд гирифта шудааст.

“Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 22 то 28 -уми июн ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд дар умум 72 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорат ба қайд гирифта шуд. Муайян гардид, сабаби баландшавии 11 нафар аз ин шумора, хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” аст ва ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд”, гуфт Мирзоҳошимов.
Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Аз норасоии табибон то “илтиҳоби шуш”: вакилони Хуҷанд чӣ гуфтанд?

Бино ба оморе, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми як ҳафтаи охир дар умум 597 сокини Хуҷанд аз ду тарафи соҳили руди Сир ба аломати бемориҳои гуногун аз ҷумлаи бемории дарунравӣ (диарея), баландшавии фишор, шамолхурдагӣ, баланшавии меъёри диабети қанд, бемориҳои қалбӣ ба телефони 03 ба табибон муроҷиат карда, хостори расонидани ёрии тиббӣ шудаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегуяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло ҳодисаҳои сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” назар ба ду ҳафтаи пеш то ба 55 % коҳиш ёфтааст.

Фавти модару кӯдак ҳангоми таваллуд: падар аз беаҳамиятӣ мегӯяду табибон аз "илтиҳоби шуш"

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд, чанде пеш омори тасф ва “илтиҳоби шуш” дар ҳафтаи аввали фасли тобистонро ба Sputnik Тоҷикистон ироа кард, дар он аз 27 ҳолат сабти “илтиҳоби шуш” дар миёни сокинони шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода мешуд.

Бар пояи иттилоъи ироашуда, ҳоло гуфта мешавад, ки суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён рафтааст.

Аммо табибони тоҷик таъкид меварзанд, ки аз поёнравии рақамҳои оморӣ, сокинон набояд нисбати пешгирии бемориҳои сироятӣ камтаваҷҷӯҳу фориғболӣ кунанд, зеро эҳтимол хави гирифторӣ ба чунин маризӣ ҳар лаҳза вуҷуд дошта метавонад.

Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд

Бино ба иттилои сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0