Девушка с зонтиком

Ҳавои камабру бебориш: гармӣ дар пойтахти Тоҷикистон то 36 дараҷа мерасад

51
(Таҷдидшуда 10:48 02.07.2020)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18  ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳаво камабр  ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

 

51
Барчаспҳо:
гарм, гармо, бебориш, камабр, обу ҳаво, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

19
(Таҷдидшуда 12:06 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

19
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

129
(Таҷдидшуда 11:32 30.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

129
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт