Мошинро дар куҷо суғурта кунем?: монополияи ширкатҳои давлатии суғурта аз байн меравад

216
(Таҷдидшуда 15:59 02.07.2020)
Дар Тоҷикистон суғурта барои воситаҳои нақлиёт аз монополияи ду ширкат “Тоҷиксуғурта” ва “Суғуртаи аввалини миллӣ” берун карда шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон то ин дам танҳо ширкати “Тоҷиксуғурта” ва “Суғуртаи аввалини миллӣ” ҳақ доштанд, ки воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро суғуртаи ҳатмӣ кунанд, аммо акнун ин монополия аз байн рафт, дигар сар ҳамаи ширкатҳои суғурта ба ин кор даст зананд.

Маҷлиси намояндагон ахиран тарҳи нави қонун “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”-ро тасвиб кард. Яке аз бахшҳои муҳими санад ин бекор кардани монополияи суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт мебошад.

Тавре сомонаи pressa.tj навиштааст, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ дар парлумон гуфт, ки набудани танзими комил боиси маҳдуд шудани рақобати солим дар бозори ҳатмии нақлиёт шудааст.

Дар асоси тарҳи нави қонун, ширкатҳое, ки мехоҳанд суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиётро анҷом диҳанд, бояд на кам аз 10 миллион сомонӣ сармоя дошта бошанд. Инчунин, ширкатҳои суғурта бояд маблағи пардохти зарар ба ҳаёт ва саломатиро аз 5800 сомонӣ то 31 610 сомонӣ зиёд кунанд.

Ҳаҷми ҷуброни молу мулки ҷабрдидагон ҳам аз ҷониби ширкатҳо бояд аз 2900 сомонӣ то 15 834 сомонӣ зиёд карда шавад.

Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон 18 ширкат ба суғурта машғул ҳастанд.

Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, агар ронанда суғуртаи ҳатмӣ надошта бошад аз ҷониби кормандони БДА ҷарима мешавад.

216
Барчаспҳо:
восита, монополияи бозори сӯхт, нақлиёт, суғурта, Тоҷикистон
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

20
(Таҷдидшуда 18:26 29.09.2020)
Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

20
Барчаспҳо:
пешниҳодот ба ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Форум, иқтисод, Душанбе
Люди в защитных масках

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

34
(Таҷдидшуда 18:24 29.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 72 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 29 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  9 726 нафар расид. 

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон то кунун 8531  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар вафот кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

34
Барчаспҳо:
вазорати тандурустӣ, омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон