Эмомалӣ Раҳмон ба осоишгоҳи "Баҳористон" рафт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие районной больницы №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района
Открытие районной больницы №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур дар осоишгоҳ бо корҳои сохтмонии бинои иловагии нав дар "Баҳористон" аз наздик шинос шудааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба осоишгоҳи "Баҳористон" рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ба Ҷамъияти "Суғдиён" барои дӯхтани либоси босифат

Дар осоишгоҳ раисҷумҳур бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатӣ ки дар соҳили “Баҳри Тоҷик” воқеъ аст, шинос шудааст.

Бинои мазкур бо лоиҳаи ҷолиб сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Ҳуҷраҳо дорои муосиртарин шароиту имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ буда, барои то 80 нафар пешбинӣ гардидааст, менависад котиботи раисҷумҳур.

Дар бинои нав ҳамчунин меҳмонхона ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, ҳудуди он бо тарҳу намои хоса оро дода мешавад. Гирду атрофи бинои навро гулгашту фаввораҳо зебоии хоса мебахшанд. Бино ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ хоҳад буд, афзудааст манбаъ.

Президент аз майдони кишти қаламфури булғорӣ дидан кард

Дар маҷмӯъ Осоишгоҳи "Баҳористон" дорои 10 котеджи бо тарҳи нодир сохташуда, ду коттеджи "ВИП", ошхона барои 880 нафар, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, фитнес клуб, толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварии тобистонаву зимистона, минтақаи обутоби бадан, 2 майдони варзишӣ, корти теннис, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва кӯли сунъӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0