День 4 июля

Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

56
(Таҷдидшуда 23:33 03.07.2020)
Рӯзи чоруми июл дар Украина аз Рӯзи коршиносони суд таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар Амрико Рӯзи Истиқлолият ҷашн мегиранд

Рӯзи 4 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1631 дар Порис аввалин маротиба Агентии шуғл- идораи суроғавӣ таъсис дода шуд.

Соли 1997 дар Марс дастгоҳи "Pathfinder"-и Амрико фуруд омад.

День 3 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2004 Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба футбол шуд.

Соли 1959 Ямайка ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст овард.

 Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор гардид.

Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 "Комсомоли ленинӣ" аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шуд.

Рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло  ҳамчун Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2008 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.

Соли 2013 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи мамлакат  оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии "Маркази хизматрасонии Обшорон" таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июл

  • Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.
  • Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

Рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1932 – нависанда Ҳайрат Шанбизода.

Соли1940 – нависанда, журналист, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоев.

56
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

171
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

171
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон
Ветерану ВОВ Мирзошарифу Гафурову исполнилось 100 лет

Даргузашти Мирзошариф Ғафуров дар 101-солагӣ

164
Мирзошариф Ғафуров, куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини 101- солаи деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар манзили зисташ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Мирзошариф Ғафуров то лаҳзаи даргузашташ шикояти ҷиддие аз саломатӣ надошт, гуфт Мирзотоҳир Ғафуров, писари марҳум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

 “Ягон шикояти ҷиддӣ аз вазъи саломаташон надоштанд, бо амри тақдир субҳи имрӯз дар синни 101-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурданд”, - гуфт Ғафуров.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар қабристони ба номи Балодуркуни ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шудааст.

Мирзошариф Ғафуров 7-уми январи соли 1919 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Дар моҳи майи соли 1940, замоне, ки ӯ ҳанӯз 18-сола буд ва дар курси дуюми факултаи физикаю математикаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров) таҳсил мекард,  ба хизмати аскарӣ даъват шуд ва бо ҳамин хизмати ӯ дар сафи аскарӣ 9 сол давом кард.

Ӯ аз оғози ҶБВ  борҳо дар миёни дуду оташи ҷанг қарор гирифт ва бо инояти Худованд саломат ва бо сари баланди пирӯзӣ бар фашизм ба хона баргашт.

“Барои хизмати сарбозӣ маро ба шаҳри Кушкаи Туркманистон фиристоданд. Он вақт ҳама ҷо тинҷу амон ва арзонию фаровонӣ буд. Ҳеҷ кас намедонист, ки ин ҳама осудаҳолӣ баъд аз як сол ба як вазъи беамону нобасомон табдил меёбад ва чи гуна осмони софро дуду оташи ҷанг ғуборолуд мекунад”, - нақл карда буд Ғаффуров қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мирзошариф Ғафуров барои шуҷоатмандӣ дар замони ҶБВ бо даҳҳо медалу мукофот қадршиносӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар арафаи 75 – солагии Иди Ғалаба? Ғафуров дар қатори дигар иштирокчиёну собиқадорони ҷанг бо медали “75 -солагии Ғалаба дар ҶБВ,  1941-1945 сол”-и Федератсияи Русия сарфароз сарфароз гардонида шуд.

164
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз дунё даргузашт, ҷанг, Тоҷикистон