Сейсмограф. Архивное фото

Сокинони Тоҷикистон: замин сахт ҷунбид, ҳамсояҳо аз тарс ба берун баромаданд

1257
(Таҷдидшуда 16:23 04.07.2020)
Баъд аз зуҳри имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух додааст. Сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд вуқӯъи ин ҳодисаи табииро баръало эҳсос кардаанд

ДУШАНЕБ, 4 июл – Sputnik. Рухдоди заминҷунбӣ дар Тоҷикистонро сокинон тасдиқ мекунанд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон ин ҳодисаи табиӣ дар соатҳои 14: 53 бо вақти Тоҷикистон рух додааст.

Шуҳрат як сокини шаҳри Душанбе гуфт, баъд зуҳр дар манзилаш қарор дошт ва даврхурии заминро баръало ҳамроҳи аъзои хонаводааш эҳсос кардааст.

 “Имрӯз рӯзи истироҳат буд ва ҳамроҳ ба аъзои оила дар хона қарор доштем. Ҷунбидани замин моро ҳайрон гузошт. Мо то ду се дақиқа даврхурии заминро эҳсос кардем”, - гуфт Шуҳрат.

Мирзо Комилов, як сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ҷунбидани замин дар ин маркази маъмурии вилояти Суғд ҳам эҳсос шудааст. Ин сокини шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки ӯ ва ҳамсояҳояш дар бинои истиқоматии ошёнадор аз рухдоди ин ҳодисаи табиӣ огоҳ шудаанд.

“Замин сахт ҷунбид, ҳатто баъзе аз ҳамсояҳо дар ин ҳангом кӯшиши ба поён фаромаданро карданд”, - гуфт Комилов.

Зимнан дараҷа ва маҳалли ҷунбиши замин дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти зилзилашиносии кишвар таҳқиқ карда мешавад. 

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии  Душанбе ва 50 километр дуртар аз водии Рашт ҷойгир мебошад.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар  марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ҳудуди  Тоҷикистон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

1257
Барчаспҳо:
такони замин, такон, ҳодиса, Душанбе, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

483
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

483

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

146
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

146