Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Файзов дар бораи норозигияш аз раисӣ, бузургии мардум, бемории худ ва роҳ ба ҷавонон-видео

4227
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, тайи роҳбарияш дар вилоят ягон рӯз аз раисияш розӣ набуд ва танҳо дар замони пандемия, дар бистари беморӣ хушбахтии будан бо мардумро дарк намуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Умедшо Мирзоширин, коргардони шинохтаи тоҷик, ки дар бораи кори ризокорон дар замони пандемия дар вилоят филмбардорӣ дорад, порае аз суҳбат бо Ёдгор Файзовро низ дар саҳифааш нашр кардааст.

Файзов мегӯяд, хушбахтияшро дар рӯзе дарк кард, ки гирифтори беморӣ шуду аз халқ, ки барояш ҳанӯз коре накардааст, ҳазорҳо дуо гирифт. Ӯ гуфт, фаҳмид, ки барои мардум шуда ҷон додан ҳам меарзад.

“Ҷон ҳам диҳӣ меарзад”: хушбахтии Файзов дар бистари беморӣ-навор

“Он рӯз эҳсос кардам, ки бо халқ будан, на ҳамчун раис, балки танҳо худи будан бо мардум ифтихори бузург аст. Худам ҳайрон мондам, ки охир барои мардум ман чӣ кор кардаам, ки ин қадар дастгирию дуоҳо дар ҳаққи ман мекунанд”.

Ба суол дар мавриди ҷавонон, Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон 65 дарсад ҷавонанд.

Ӯ таъкид кард, ки агар майлу ҳаваси ҷавонон ба тарафе бошаду мо ҷониби дигар талош кунем, ба ҷое намерасем.

Хоҳу нохоҳ месупорем: раиси ВМКБ гуфт, ҷавононро ҷавон хуб мефаҳмад

“Хоҳу нохоҳ ҷавононро бояд фаҳмид, ба фикру хоҳишҳояшон бояд тавҷҷуҳ кард. Аз тарафи дигар ҷавононро ҷавон хуб мефаҳмад. Ман синнам таги 60 аст, барои ояндаи дурахшон бояд бо ҷавонон машаварат  кард, онҳоро фаҳмид.  Бе ҷавонон ба ҷое рафтан наметавонем, хоҳем нахоҳем, фардо месупорем”, - таъкид кард Файзов.

4227
Барчаспҳо:
беморӣ, помир, Бадахшон, ВМКБ, ВМКБ, раисҷумҳур, раис, Тоҷикистон
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

56
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

56
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Тоҷикистон аз Русия дар бораи воксинаи “Спутник V” маълумоти пурра гирифт

97
(Таҷдидшуда 21:09 21.01.2021)
Русия ба Тоҷикистон дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V” пурра маълумот додааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров эълон кардааст, ки ҷониби Русия дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V”  пурра маълумот ирсол кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Гуфта шудааст, ки воксинаи “Спутник V” –ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров инчунин қайд кардааст, ки ҳоло Тоҷикистон воксинаи Pfizer сохти Амрикоро низ омӯхта истодааст.

Вай афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон инчунин иттилоъ дар бораи воксинаи AstraZeneca- и Бритониёро низ интизор аст.

“Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард. Таъсирнокӣ ва бехатарии воксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад”,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.

97
Барчаспҳо:
вируси корона, Спутник, маълумот, Русия, Тоҷикистон