Мақомоти Тоҷикистон гуфт, корхонаи “Тоҷик кристалл” чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард

CC0 / Pixabay / Инструменты ювелира
Инструменты ювелира - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Тоҷик кристалл” яке аз аввалин корхонаҳои заргарии Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият ташкил шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Корхонаи “Тоҷик кристалл”  аз оғози фаъолият вобаста ба талаботи бозори дохила ва бо фармоишҳои мизоҷон истеҳсоли маснуоти заргариро вусъат дода то имрӯз зиёда аз 105,00 кг маснуоти заргарӣ аз металлҳои тилло ва нуқра истеҳсол намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.

Таджикская модель Сабрина Зухурова - Sputnik Тоҷикистон
Сабрина Зуҳурова: дар даври ниҳоии "Зебосанам - 2019" ҳамаро дар ҳайрат мегузорам

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи мазкур аз соли 2002 то имрӯз ба истеҳсоли маснуоти заргарии миллӣ аз металлҳои тилло ва нуқра машғул буда, ҳамзамон ба фуруши асбобҳои заргарӣ ва сангҳои ороишӣ машғул аст.

Ин корхона аз моҳи январ то апрели соли равон ба маблағи 350 ҳазору 662 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45044 сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд карда шудааст, ки маснуоти заргарии истеҳсолкардаи ин корхона дар чандин намоишгоҳҳои дохили ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта сазовори мукофотҳо ва эътирофи тамошобинон ва мизоҷон гардидааст.

Ҳамзамон манбаъ мегӯяд, корхонаи “Тоҷик кристалл”  бо дигар соҳибкорон ва корхонаҳои заргарӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, аксарияти онҳоро бо асбобу лавозимотҳои  зарурӣ таъмин менамояд.

Лентаи хабарҳо
0