Азим Иброҳим аз тағйири намои шаҳри Душанбе истиқбол кард

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз муовини сарвазири Тоҷикистон дар як ҷаласаи корӣ аз тағйироти намои шаҳри Душанбе истиқбол кард ва гуфт, қомат афрохтани биноҳои баландошёна симои худро зебо гардонида истодааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки намои  шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна симои худро зебо гардонида истодааст, аммо, ҳамзамон ин сарбории иловагӣ ба инфрасохтори  мавҷудаи шаҳрдорӣ мебошад.

Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазир мақомоти Душанберо танқид кард: корҳо ба талабот ҷавобгӯй нестанд

Муовини сарвазир вобаста ба ин ба роҳбарони КВД “Обу корезии шаҳри Душанбе”, Шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, сармеъмор ва дигар сохторҳои шаҳрӣ супориш дод, ки иқтидорҳои мавҷудаи таъмини об, корезӣ, барқ, пайвастшавӣ бо шабакаҳои гармидиҳиро дар асоси ҳисобу китоби дақиқ омӯхта, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои рух додани садама ё мушкилии таъмини хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо сармеъмор ва Кумитаи заминсозии шаҳр чораҳои таъхирнопазир андешанд.

“Сохторҳои дахлдори шаҳрсозӣ масъули бо кафолат таъмин намудани хизматрасониҳои инфрасохторӣ барои бинову иншооти бунёдшаванда мебошанд. Тибқи таҷрибаи андӯхта мо метавонем талаботи бинову иншооти бунёдшавандаи муосирро бо ин намуди хизматрасониҳо таъмин созем”, - гуфт муовини сарвазир.

Ҳамзамон, муовини сарвазири кишвар махсусан таъкид кардааст, ки имкониятҳои ҳалли муҳандисии мушкилот вуҷуд доранд ва ҳар як соҳа бояд дар асоси ҳисобу китоби дақиқи муҳандисии соҳавӣ корро ба роҳ монад.

Гуфта шудааст, ки дар соли ҷорӣ  танҳо дар ноҳияи Сино илова ба 1083 бинои ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайвастбуда пайваст намудани 186 адад бинову иншооти нави баландошёна ба ин шабакаҳо пешбинӣ шудааст.

Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи эстакадаи дувум дар шаҳри Душанбе ба таъхир гузошта шуд

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир вобаста ба ин роҳбарияти шабакаҳои гармидиҳӣ вазифадор гардид, ки барои иҷрои саривақтии корҳо дар ин самт чораҳои дахлдор андешад.

Азим Иброҳим дар ин ҷаласа зикр кард, ки васеъсозии ҳудуди шаҳри Душанбе ва бунёди бинову иншоот дар ҳудудҳои нав низ бояд тибқи нақшаи генералӣ амалӣ карда шавад.

Вай дар ин робита, ба сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе супориш дод, ки мавзеъҳои ҳудуди канали Говкуш, Чоряккорони нав ва мавзеъҳои атрофи онҳоро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани каналҳои зикргардида, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин сармеъмори шаҳри Душанбе ва меъморони ноҳияҳои шаҳр вазифадор карда шуданд, ки пайваста назорати сари вақт ва сифатнок анҷом додани корҳоро дар бинову иншооти бунёдшаванда таъмин созанд.

Лентаи хабарҳо
0