Покупатели на рынке Мехргон

Санҷиши "Тоҷикстандарт" дар Бадахшон: соҳибкорон ҷарима шуданд

193
(Таҷдидшуда 15:34 08.07.2020)
Давоми шаш моҳ аз бозору дӯкон ва мағозаҳои ҳудуди вилоят 197 намунаи маҳсулоти гуногуни хурока барои ташхис ба озмоишгоҳи раёсати мазкур пешниҳод гардидаанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. "Тоҷикстандарт" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи соли равон дар бозору мағозаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ 344 адад санҷиш гузаронидааст. Дар натиҷа, барои риоя накардани қонунҳои амалкунандаи соҳа нисбат ба 254 нафар соҳибкор ҷазои маъмурӣ таъйин намудааст.

Тибқи иттилои Зафар Мирзонаботов, мудири шуъбаи нозироти савдои Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилоят аз 344 санҷиши гузаронидашуда 285 адад ба нуқтаҳои савдо, 30 адад ба муассисаҳои хӯроки умумӣ, 15 адад ба маҳсулоти нафтӣ рост меоянд.

Ҳамчунин дар давоми шаш моҳ кормандонии шуъба 72 маротиба харидҳои санҷишӣ баргузор карда, 6 бор тарзи нигоҳдории маҳсулоти хӯрока дар анборхонаҳо мавриди санҷиш қарор доданд.

"Нисбат ба 254 нафар соҳибкор ба маблағи 58 ҳазору 812 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Нисбат ба 106 соҳибкоре, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро вайрон намуданд, ба маблағи 36 ҳазору 192 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Аз ин миқдор 32 ҳазору 538 ҳазор сомонӣ пардохт шуда, 22 ҳазору 620 сомонӣ ҳанӯз пардохт нашудааст", — афзудааст Зафар Мирзонаботов.

Тоҷикстандарт": воридоти маҳсулоти хӯрока аз Чин пурра қатъ шудааст

Ба гуфтаи масъулини шӯъбаи нозироти савдои Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилоят, давоми шаш моҳи соли равон аз бозор, дӯкону мағозаҳои ҳудуди вилоят 197 намунаи маҳсулоти гуногуни хурока  барои ташхис ба озмоишгоҳи раёсати мазкур пешниҳод гардида, баъди санҷиш маълум гардид, ки аз нисф штари он, аниқтараш 142 намунаи он ба меъёрҳои стандартикунонӣ ҷавобгӯ нест.

 

 

193
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

179
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

179
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон
Ветерану ВОВ Мирзошарифу Гафурову исполнилось 100 лет

Даргузашти Мирзошариф Ғафуров дар 101-солагӣ

166
Мирзошариф Ғафуров, куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини 101- солаи деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар манзили зисташ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Мирзошариф Ғафуров то лаҳзаи даргузашташ шикояти ҷиддие аз саломатӣ надошт, гуфт Мирзотоҳир Ғафуров, писари марҳум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

 “Ягон шикояти ҷиддӣ аз вазъи саломаташон надоштанд, бо амри тақдир субҳи имрӯз дар синни 101-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурданд”, - гуфт Ғафуров.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар қабристони ба номи Балодуркуни ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шудааст.

Мирзошариф Ғафуров 7-уми январи соли 1919 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Дар моҳи майи соли 1940, замоне, ки ӯ ҳанӯз 18-сола буд ва дар курси дуюми факултаи физикаю математикаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров) таҳсил мекард,  ба хизмати аскарӣ даъват шуд ва бо ҳамин хизмати ӯ дар сафи аскарӣ 9 сол давом кард.

Ӯ аз оғози ҶБВ  борҳо дар миёни дуду оташи ҷанг қарор гирифт ва бо инояти Худованд саломат ва бо сари баланди пирӯзӣ бар фашизм ба хона баргашт.

“Барои хизмати сарбозӣ маро ба шаҳри Кушкаи Туркманистон фиристоданд. Он вақт ҳама ҷо тинҷу амон ва арзонию фаровонӣ буд. Ҳеҷ кас намедонист, ки ин ҳама осудаҳолӣ баъд аз як сол ба як вазъи беамону нобасомон табдил меёбад ва чи гуна осмони софро дуду оташи ҷанг ғуборолуд мекунад”, - нақл карда буд Ғаффуров қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мирзошариф Ғафуров барои шуҷоатмандӣ дар замони ҶБВ бо даҳҳо медалу мукофот қадршиносӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар арафаи 75 – солагии Иди Ғалаба? Ғафуров дар қатори дигар иштирокчиёну собиқадорони ҷанг бо медали “75 -солагии Ғалаба дар ҶБВ,  1941-1945 сол”-и Федератсияи Русия сарфароз сарфароз гардонида шуд.

166
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз дунё даргузашт, ҷанг, Тоҷикистон