Девушка с зонтиком

42 дараҷа гармӣ дар вилояти Хатлон: пешгӯии дақиқи обу ҳаво барои имрӯз

96
(Таҷдидшуда 15:14 09.07.2020)
Ожонси обуҳавошиносии кишвар ҳавои Тоҷикистонро гарм, камабр ва бебориш пешгӯӣ мекунад. Дар вилояти Хатлон рӯзона ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш  мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

96
Барчаспҳо:
гармӣ, ҳаво, Тоҷикистон
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

2882
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

2882
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Спикер Парламента Таджикистана Мухамадтоир Зокирзода и посол Ирана в Душанбе Маухаммадтаки Собири

Эрон эълон кард омодааст дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

73
(Таҷдидшуда 18:19 25.09.2020)
Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бар аҳаммияти равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносиботи ду кишвар таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи маҷолиси ду кишвар ва нақши онҳо дар иртиқои сатҳи муносиботи дуҷониба, омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо эълом кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадтақии Собирӣ зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа ҳавзаи иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистонро болотар аз сатҳ кунӯнӣ донист ва афзуд, ҳамкории музоаф барои ҷуброни осебҳои иқтисодӣ дар даврони пасокуруна зарурӣ аст.

Муҳаммадтоир Зокирзода низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти ду кишвар ва собиқаи равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон, изҳор кард, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва сафорати худро  дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Зокирзода бо таъкид бар аҳаммияти нақши равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносибот миёни давлатҳо ва миллатҳо, таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон ва Маҷлиси Тоҷикистонро гоми муҳим дар масири тақвияти ин ҳамкориҳо донист.

73
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, муносибат, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, равобит, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия