Қоҳир Расулзода дар шаҳри Норак

Чаро Қоҳир Расулзода боз ба вилояти Хатлон сафар кард?

1156
(Таҷдидшуда 11:05 10.07.2020)
Субҳи 9 июл cафари кории Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Дар доираи сафар ба вилояти Хатлон сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Норак аз рафти татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва навсозии НБО-и Норак” ва бо ҷараёни корҳои бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар ҳудуди шаҳр ошно шуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”. 

Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки то моҳи декабри соли равон як агрегати НБО-и Норак пурра таъмир ва навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор мегирад.

Тибқи иттилои манбаъ, дирӯз дар шаҳри Норак бо иштироки сарвазир сехи коркарди  маҳсулоти чубӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли нушоба ва партовгоҳи марказии шаҳр пас аз сохтмон ифтитоҳ шуд.

Гуфта шудааст, ки партовгоҳи марказии шаҳр дар доираи Лоиҳаи “Партовҳои сахти маишии шаҳри Норак” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуд.

Дар шаҳри Норак дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти сохтмон ва навсозии 193 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 77 тои он сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон аз лоиҳаи сохтмон ва навсозии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам, Нишони давлатӣ бо гулгашти атрофаш, боғчаи кӯдакона, сохтмонии майдончаи варзишӣ, шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардории беморхонаи ноҳия, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёди коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои корӣ ва либосҳои таҳпӯши кӯдакона, барқарорсозии пули мошингузар, фермаи чорвои калони гуштӣ ва самаранок истифодабарии замин шинос шуд.

Зимни мулоқот бо фаъолон ва хоҷагидорон таъкид карда шуд, ки бо сабаби паҳн гаштани бемории сироятии COVID-19 ва мураккаб гардидани вазъияти кишварҳои ҷаҳон дар самти истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва саҳроӣ дарки масъулияти бештар ба миён омадааст.

Вобаста ба ҳолати ҷойдошта барои 40 дарсад зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 дарсад афзоиш додани кишти такрорӣ аз ҷониби Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дастуру супоришҳои махсус дода шудааст.

“Аз ин рӯ, масъулони вилоят, ноҳия ва фаъолону хоҷагидорон вазифадор карда шуданд, ки дар самти риояи қойдаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар амалҳои лозима тадбирҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни сокинон тақвият бахшанд”, - таъкид доштааст сарвазири кишвар.

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар самти рушд бахшидани тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ низ дар ноҳияи Ёвон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, маориф, тандурустӣ, хизматрасонию маишӣ, варзишӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дорад.

1156
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Норак, Хатлон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Тоҷикистон
Работа инвестиционной компании, архивное фото

Рушди иқтисод коҳиш ёфт: коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсир расонд

3
(Таҷдидшуда 16:02 03.08.2020)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ кам аст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум нишон дод, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ бетаъсир намонд.

 “Дар шаш моҳи якуми соли 2020 хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 миллиард сомонӣ коҳиш ёфт”, - афзуд Завқизода.

Вазири иқтисод зикр кард, ки дар ин давра хизматрасонии пулакӣ, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3 фоиз, тарабхонаҳо 17,3 фоиз, мусофиркашонӣ 8,7 фоиз, аз ҷумла бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8 фоиз ва роҳи оҳан 21,4 фоиз, гардиши савдо 5,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз, аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26 фоиз, воридот 4 фоиз ва боркашонӣ 3,3 фоиз, бахусус бо нақлиёти ҳавоӣ 38 фоиз коҳиш ёфтанд.

Завқӣ Завқизода, илова кард, ки нархи ҷаҳонии пахта ба санаи 27 июли соли равон нисбат ба аввали сол 197 доллар ва алюминий 104 доллар паст шуд, ки ин ба ҳаҷми содирот бетаъсир намемонад.

Инчунин вай қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми воридот аз давлатҳои ҳамшарики асосии тиҷоратӣ, ба монанди Чин 18,3 фоиз, Туркия 22,2 фоиз, Япония 43 фоиз, Украина 52,3 фоиз, Эрон 11,7 фоиз кам гардид, ки сохтори онро таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои саноати коркард, мошинолот ва дигар маҳсулоти зарурӣ ташкил медиҳад.

“Ҳарчанд ки пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мешавад, вале бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии COVID-19 силсилаи тадбирҳо роҳандозӣ гардида истодаанд”, - гуфт вазири иқтисод.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода, афзуд, ки оид ба пешгирӣ ва кам намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ аз 19 марти соли 2020 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

3
Барчаспҳо:
маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушд, миллӣ, иқтисод, вирус, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

20
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

20
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен