Гробы с умершими от заражения вирусом

Фавти боз як бемор аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

2402
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр карда, марги як нафари дигарро аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавти гирифторони он ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 10 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6457 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5115 нафар ё худ 79,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд.

"Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд", - таъйид мекунад вазорати тандурустӣ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 208 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд

 

2402

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

16
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

16
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол
Сотрудник дилерского центра ПАО Камаз в Ташкенте

Марги фоҷиавии сокини Деваштич: дамкарат лағжиду мошин ҷисмашро ду пора кард

254
(Таҷдидшуда 18:19 15.08.2020)
Сокини ноҳияи Деваштич, ки ҳамагӣ 35 - сол дошт, бар асари лағжидани дамкарат, зери мошини тамғаи КАМАЗ монда, ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Парвиз Рӯзиев сокини 35 - солаи ноҳияи Деваштич ба таври фоҷиабор ҷон бохтааст, хабар медиҳад нашрияи Пайк.

Ба иттилои манбаъ, марҳум санаи 12 - уми август ба таъмири автомашинаи тамғаи КАМАЗ машғул буд. Ӯ мошинашро тавассути дамкарат бардошта ба таъмир машғул буд, ки тасодуфан дамкарат лағжида ӯ зери мошин дармонд.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Манбаъ аз рӯи нақли шоҳидони ин ҳодиса хабар медиҳад, ки қисмати аз миён болои ҷавон зери бори гарони мошин монда, ба қавле ҷисмаш ду пора шуд.

"Парвиз сокини деҳаи Хишекат, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Пас аз ин ҳодисаи нохуш, чор фарзанди ӯ ятим монданд.

254