День 12 июля

Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

65
(Таҷдидшуда 19:27 11.07.2020)
Рӯзи дувоздаҳуми июл ҳамчун Рӯзи суратгирон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Аргентина аз Рӯзи муқимиҳо қайд мекунанд

Рӯзи 12 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1934 дар Белгия ҳарбикунонии ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2000 олимони бритониягӣ дар бораи сохтани ваксинае хабар доданд, ки ба одамон барои наҷот ёфтан аз ВНМО (СПИД) бояд кумак менамуд.

Соли 2000 дар Аляска заминҷунбии 6,5-балла ба қайд гирифта шуд.

Соли 2010 дар мусобиқаи финалии чемпионати ҷаҳон испаниҳо дастаи мунтахаби Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамин тариқ, чемпионҳои Аврупо аввалин маротиба ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол  соҳиб гаштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1998 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Фаронса дастаи Бразилияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва чемпиони ҷаҳон шуд.

Соли 2009 аввалин маротиба зан – Даля Грибаускайте Президенти Литва интихоб гардид.

Рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 ВАО хабар доданд, ки 11 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2012 дар Озарбойҷон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2012 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба имзо расиданд.

Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд

Ҷашнҳои рӯзи 12 июл

  •  Рӯзи суратгирон.
  • Дар Аргентина – Рӯзи муқимиҳо.
  • Дар Ҷумҳурии Кирибатӣ – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1906-1968)  – нависанда Тоҷӣ Усмон.

Соли 1932 – доктори илмҳои филологӣ Наҷмӣ Сайфиев.

Соли 1933 – актер коргардон Сафо Содиқов.

Соли 1956 – коргардон Қудратулло Эшонов.

65
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

33
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

33
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол
Сотрудник дилерского центра ПАО Камаз в Ташкенте

Марги фоҷиавии сокини Деваштич: дамкарат лағжиду мошин ҷисмашро ду пора кард

396
(Таҷдидшуда 18:19 15.08.2020)
Сокини ноҳияи Деваштич, ки ҳамагӣ 35 - сол дошт, бар асари лағжидани дамкарат, зери мошини тамғаи КАМАЗ монда, ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Парвиз Рӯзиев сокини 35 - солаи ноҳияи Деваштич ба таври фоҷиабор ҷон бохтааст, хабар медиҳад нашрияи Пайк.

Ба иттилои манбаъ, марҳум санаи 12 - уми август ба таъмири автомашинаи тамғаи КАМАЗ машғул буд. Ӯ мошинашро тавассути дамкарат бардошта ба таъмир машғул буд, ки тасодуфан дамкарат лағжида ӯ зери мошин дармонд.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Манбаъ аз рӯи нақли шоҳидони ин ҳодиса хабар медиҳад, ки қисмати аз миён болои ҷавон зери бори гарони мошин монда, ба қавле ҷисмаш ду пора шуд.

"Парвиз сокини деҳаи Хишекат, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Пас аз ин ҳодисаи нохуш, чор фарзанди ӯ ятим монданд.

396

Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд

0
(Таҷдидшуда 19:00 15.08.2020)
Ба ҳайъати гурӯҳи коршиносон дар соҳаи тибб анестезиолог-реаниматологҳо,  инфексионистҳо, эпидемиологҳо ва пизишкҳо дохил мешавад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Барои кӯмак дар мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон як гурӯҳ пизишкон аз Русия сафар мекунанд, хабар додааст дар рафти нишасти матбуотӣ узви штаби мубориза бо коронавирус Барно Абдусамадова.

"Интизор меравад, ки 16 август 40 коршиноси рус барои расонидани кӯмак дар мубориза бо коронавирус меоянд. Онҳо дар муддати як моҳ бо коршиносони ӯзбек ҳамкорӣ мекунанд, кӯмаки методӣ ва практикӣ мерасонанд", - изҳор дошт вай.

Хабар дода мешавад, ба кишвар мутахассисони гуногуни соҳаи тибб, аз анестезиологҳо сар карда, то эпедемиологҳо сафар мекунанд.

Маълум аст, ки ба Ӯзбекистон пизишконе мераванд, ки аллакай дар мубориза бо коронавирус таҷрибаи хуб доранд.

Афзоиши гирифторону қурбониёни коронавирус дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон

 

Пештар Русия мутахассисонашро барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ирсол карда буд.

 

0