Строительство аквапарка в Варзобе

Мақомот қоил шуд, ки соҳибкорони шаҳри Гулистон дар ду сол чӣ қадар иншоот сохтаанд

272
(Таҷдидшуда 10:23 12.07.2020)
Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд давоми ду сол 129 иншооти ҷашнӣ, ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд

​ ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Ахиран дар яке аз ҷаласаҳо бо фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ  давоми  шаш моҳи  соли 2020 мақомоти шаҳри Гулистон қайд кардааст, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ду соли ахир зиёда аз 70 иншооти иловагӣ сохта ба истифода супориданд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласа  роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр муовини якуми раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуда, қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ  қисми даромади буҷети давлатӣ 100,7 фоиз ва нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 109,3 фоиз иҷро гардид.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар ин давра​ ба иқтисодиёти шаҳр​ 91,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид, ки​ аз он 46,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта инвеститсияи дохилӣ 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Инчунин зикр гардидааст, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳ ба маблағи 1 миллиарду 244,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 3,6 маротиба зиёд таъмин намуда, 64 номгӯи маҳсулотро истеҳсол намуданд.​

272
Барчаспҳо:
сохтмон, иншоот, истиқлолият, соҳибкорон, Гулистон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1444
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1444
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

684
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

684
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд