Тӯпандозони рус 80 ҳадафи "душман"-ро дар Тоҷикистон нобуд карданд

271
Ҳангоми тамрин дар машқгоҳи Самбул низомиёни рус тактикаи "миномёти кӯчманчӣ"-ро коркард карданд, ки дар дохили автомобилҳои "Урал" ҷой дода шуда буд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тирандозони пойгоҳи 201-уми Русия 80 ҳадафи душманро ҳангоми тамрин дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд, хабар медиҳад Округи марказии низомии Русия

.

Ҳангоми тамрин низомиён тактикаи "миномёти кӯчманчӣ"-ро коркард карданд, ки дар дохили автомобилҳои "Урал" ҷой дода шуда буд.

 

Таъкид мешавад, ки тирандозӣ аз минометҳои 120-миллиметраи "Сани" бо иваз кардани мавзеи тирандозӣ ба ҳадафҳо, ки дар паси монеа ва иртифооти табиӣ қарор дошт, сурат гирифтааст.

"Ҷустуҷӯи аҳдофи душмани шартӣ бо истифода аз маҷмӯи муосири иктишофӣ, мудирият ва алоқаи  "Стрелец" ва ҳавопаймои бидуни сарнишин анҷом дода мешуд", - афзудааст манбаъ.

Барои сохтани муҳити ҷангӣ аз аҳдофи статикӣ ва динамикӣ истифода шудааст. Ҳамчунин комплекси модулии электронии таҷҳизоти тирандозӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо гузашти низомӣ Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуданд

 

Бино бар иттилои Округи марказии низомии Русия, тактикаи "миномётҳои кӯчманчӣ" дар асоси таҷрибаи даргириҳои мусаллаҳонаи муосир амалӣ шуданд.

 

Дар умум тамринҳои низомиёни рус бештар аз 80 аҳдофро нобуд карданд.

271
Спичка, архивное фото

Пулро гирифту хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

95
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

95
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

41
(Таҷдидшуда 16:56 01.10.2020)
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

41
Барчаспҳо:
артиш, даъват, Бадахшон, Тоҷикистон