Борон меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© PixabayЗонтик, архивное фото
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро камабр ва боришоти борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунад.

Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз: шамол шиддат мегирад, чанг мехезад

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ борон : пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0