Пожилая женщина звонит по телефону, архивное фото

Ташкили бюрои ёрии ҳуқуқӣ дар 34 шаҳру навоҳии Тоҷикистон

108
(Таҷдидшуда 15:19 13.07.2020)
Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дар Тоҷикистон 37 бюро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз тарафи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 37 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 39 ҳуқуқшинос фаъолият доранд. 

Дар шаш моҳи  соли 2020 ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба 3 ҳазору 916 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин миқдор 2 264 зан, 1 651 мард ва 146 маъюб мебошанд, хабар додаст "Ховар" аз нишасти матбуотии Вазорати аддлия.

Манбаъ афзуд, дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зўроварӣ дар оила гузаронида шуданд, ки дар онҳо  1 231 шаҳрванд иштирок кард.

Ҳамзамон  машваратчиёни ҳуқуқии муассиса ба 538 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона сохтанд.

Таъкид шудааст, ки тайи 6 моҳ ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса  898 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 892 мард, 46 зан ва 121 ноболиғро ташкил медиҳад.

108
Барчаспҳо:
марказ, таъсис, ёрии ҳуқуқӣ, Тоҷикистон
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

8
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

8
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

103
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

103
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон