День 14 июля

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

91
(Таҷдидшуда 23:55 13.07.2020)
Рӯзи чордаҳуми июл дар Осетияи Ҷанубӣ аз Рӯзи сулҳофарон ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия қайд мешавад

Рӯзи 14 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

Соли 1952 ширкати америкоии "Ҷенерал моторз" эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

Рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

Соли 2009 дар варзишгоҳи "Металлург" чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии "Регар-ТадАЗ" бо клуби "Энергетик"- и Душанбе баргузор гардид.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" аз чоп баромад.

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати "Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и "Норак", дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи "Норак", лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл

  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.
  • Дар Франсия иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.
91
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

171
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

171
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон
Ветерану ВОВ Мирзошарифу Гафурову исполнилось 100 лет

Даргузашти Мирзошариф Ғафуров дар 101-солагӣ

163
Мирзошариф Ғафуров, куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини 101- солаи деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар манзили зисташ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Мирзошариф Ғафуров то лаҳзаи даргузашташ шикояти ҷиддие аз саломатӣ надошт, гуфт Мирзотоҳир Ғафуров, писари марҳум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

 “Ягон шикояти ҷиддӣ аз вазъи саломаташон надоштанд, бо амри тақдир субҳи имрӯз дар синни 101-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурданд”, - гуфт Ғафуров.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар қабристони ба номи Балодуркуни ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шудааст.

Мирзошариф Ғафуров 7-уми январи соли 1919 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Дар моҳи майи соли 1940, замоне, ки ӯ ҳанӯз 18-сола буд ва дар курси дуюми факултаи физикаю математикаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров) таҳсил мекард,  ба хизмати аскарӣ даъват шуд ва бо ҳамин хизмати ӯ дар сафи аскарӣ 9 сол давом кард.

Ӯ аз оғози ҶБВ  борҳо дар миёни дуду оташи ҷанг қарор гирифт ва бо инояти Худованд саломат ва бо сари баланди пирӯзӣ бар фашизм ба хона баргашт.

“Барои хизмати сарбозӣ маро ба шаҳри Кушкаи Туркманистон фиристоданд. Он вақт ҳама ҷо тинҷу амон ва арзонию фаровонӣ буд. Ҳеҷ кас намедонист, ки ин ҳама осудаҳолӣ баъд аз як сол ба як вазъи беамону нобасомон табдил меёбад ва чи гуна осмони софро дуду оташи ҷанг ғуборолуд мекунад”, - нақл карда буд Ғаффуров қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мирзошариф Ғафуров барои шуҷоатмандӣ дар замони ҶБВ бо даҳҳо медалу мукофот қадршиносӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар арафаи 75 – солагии Иди Ғалаба? Ғафуров дар қатори дигар иштирокчиёну собиқадорони ҷанг бо медали “75 -солагии Ғалаба дар ҶБВ,  1941-1945 сол”-и Федератсияи Русия сарфароз сарфароз гардонида шуд.

163
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз дунё даргузашт, ҷанг, Тоҷикистон