ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар пайи судури як фармони Президенти Тоҷикистон ин ширкату корхонаҳо аз нақшаи санҷишҳо хориҷ карда шуданд.
“Инҳо ширкатҳое ҳастанд, ки бо истеҳсолот машғул ҳастанд ва аз нақшаи корхонаву ширкатҳое, ки бояд соли 2020 аз сӯи Палатаи ҳисоб санҷида мешуданд, ҳазф гардиданд”, - гуфт Қарахон Чиллазода.Бино ба иттилои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, ин корхонаву ширкатҳо, аз ҷумла “Ангишти Исфара”, “Шахтаи Фон Яғноб”, “Зиддӣ”, “Шӯробод”, “Камаробод”, “Назарайлоқ”, КВД “Сементи тоҷик”, КВД “Нури Ховар”, “Чароғ”, “Грант”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”, Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой ва ғайра мебошанд.
15 январи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонд, ки бино ба он, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии кишвар то 1 январи соли 2021 ба хотири дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мораторий эълон карда шуд.
Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд
Дар пайи ин фармон мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук дар ин муддат ҳаққи санҷишро нахоҳанд дошт.
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.
Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй ба маъраз гузошта шуд.
Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.
Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир мегардад.
Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад
Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо собиқ раиси амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зоҳуров дар манзили зисташ мулоқоти дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.
"Мақсади ташриф арҷгузорӣ ба ҷаноби Зоҳуров, вазири собиқи тоҷик ва эҳтиром ба муносибати Рӯзи Артиш ва Қувваҳои Амнияти Тоҷикистон буд", - менависад манбаъ.
Манбаъ меафзояд, "бешак, ҷаноби Зуҳуров яке аз шахсиятҳои миллӣ ва фаъоли амниятии Тоҷикистон ва дӯсти деринаи мардуми Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат бо мардуми Афғонистон робитаи мустақим дошт ва дар ҳамкорӣ дар ироаи кумак дареғ надошт".
Дафтари матбуотӣ меафзояд, ки далели хотираҳои неки ҷаноби генерал, аксе бо қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки дар девори хонааш овезон аст.
Зуҳуров гуфтааст, ки сафири Афғонистон барои ташрифаш миннатдор аст ва аз мардуми афғон хотираҳои хубе дорад.
Ёдрас мешавем, дирӯз Сайдамир Зуҳуров, ки мардуми Тоҷикистон унвони генерали халқиаш додаанд, 70-солагиашро ҷашн гирифт.
Ӯ аз мутахассисони ҳирфаӣ ва саршиноси кишвар аст, ки дар сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам саҳми босазое гузоштааст. Генерал, феълан пас аз сарнишинӣ дар чанд ниҳодҳои кишвар, аз ҷамла КДАМ бознишаста аст. Худаш, баъди чанд ҷарроҳии ҷиддӣ, "зинда монданашро мӯъҷиза медонад".