Дар Тоҷикистон арзиши манзил коҳиш ёфт: сабабҳо

© SputnikНовостройка в Душанбе
Новостройка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон арзиши манзил коҳиш ёфтааст: сабабҳои арзон шудани хонаҳоро Кумитаи меъмории кишвар тавзеҳ додааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Арзиши манзил дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, хабар дод дар нишасти матбуотӣ роҳбари Кумитаи меъмории кишвар Ҷамшед Аҳмадзода.

Новостройки в городе Душанбе, архиное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе арзиши манзил гарон шуд
Сабабҳои ин падида дар бозор пандемияи коронавирус аст, тавзеҳ дод вай.

Бино бар иттилои кумита, арзиши ҳар як метри квадратӣ дар Душанбе ду соли охир дар ҳудуди 626 доллар буд.

Дар соли 2020 дар манзилҳои бисёрҳуҷрагӣ дар Душанбе азриши як метри квадратӣ то 544 доллар арзон шудааст. Дар ширкати "Манзили дастрас" бошад, он 360 долларӣ нархгузорӣ шудааст.

Барои мисол Аҳмадзода арзиши манзилро дар дигар кишварҳо гуфт: дар Туркманистон ин нишондод 2,4 ҳазорро ба як метри квадратӣ ташкил медиҳад, дар Русия бештар аз 3,3 ҳазор доллар ва дар Қазоқистон 953 доллар аст.

 

Раиси кумита афзуд, ки дар нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 469 ҳазор метри квадратӣ ба истифода дода шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0