На улице в городе Душанбе, архивное фото

Дар Душанбе 41 ва дар Хатлон 43 дараҷа: пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

141
Ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа ва дар вилояти Хатлон то 43 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 39+41 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз: шамол шиддат мегирад, чанг мехезад

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад.

141
Барчаспҳо:
гармо, ҳаво, Хатлон, Душанбе
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

2338
(Таҷдидшуда 19:07 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

2338
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Спикер Парламента Таджикистана Мухамадтоир Зокирзода и посол Ирана в Душанбе Маухаммадтаки Собири

Эрон эълон кард омодааст дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

62
(Таҷдидшуда 18:19 25.09.2020)
Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бар аҳаммияти равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносиботи ду кишвар таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи маҷолиси ду кишвар ва нақши онҳо дар иртиқои сатҳи муносиботи дуҷониба, омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо эълом кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадтақии Собирӣ зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа ҳавзаи иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистонро болотар аз сатҳ кунӯнӣ донист ва афзуд, ҳамкории музоаф барои ҷуброни осебҳои иқтисодӣ дар даврони пасокуруна зарурӣ аст.

Муҳаммадтоир Зокирзода низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти ду кишвар ва собиқаи равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон, изҳор кард, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва сафорати худро  дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Зокирзода бо таъкид бар аҳаммияти нақши равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносибот миёни давлатҳо ва миллатҳо, таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон ва Маҷлиси Тоҷикистонро гоми муҳим дар масири тақвияти ин ҳамкориҳо донист.

62
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, муносибат, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, равобит, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон
Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

0
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

0
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон