Председатель Верховного суда РТ Шермухаммад Шохиён

Раиси Суди Олӣ: "Кам шудааст, хуб шудааст"

487
(Таҷдидшуда 16:33 20.07.2020)
Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт дар нимсоли аввали соли 2020 шикояти тоҷикистониён ба додгоҳ кам шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Суди Олии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ҷинояткорӣ ва парвандасозӣ дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.

"Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди Олӣ, судяҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 2445 ада шикояти шаҳрвандон ва эътирози назоратии прокурорҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 507 ада ё 17% кам мебошад. Умуман, чинояткори дар кишвар кам шудааст, ки хуб шудааст" - гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Шоҳиён афзуд, ки аз миқдори умумии шикоятҳо 2032 адад ё 83 дарсади онҳо бо омӯзиши 1079 парванда ҳаллу фасл гардида боқимонда 413 шикояту эътирозҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ҳукми 7 нафар: Зоирзода дар бораи парвандаи пурсарусадои ҳамлаи "Ишқобод"

Раиси Суди Олӣ ҳамчунин гуфт, бекоршавии қарорҳои судӣ дар мавҷмӯъ 128 адад ё 0,19%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 75 санади судӣ ё 0,08% кам мебошад.

487
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷинояткорӣ, парванда, Суди Олӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён
Встреча Махмадтуара Зокирзода с Улугбеком Иноятовым

Зокирзода: миёни Душанбеву Тошанканд барои ҳамкорӣ тамоми шароит фароҳам аст

6
Нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз дар Душанбе доир гашт

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

 “Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягии мо ба вуҷуд омад. Сафари Шумо ба Тоҷикистон таҷассумгари равобити барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем” -афзуд дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намудаст, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.

Боиси хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои баӣналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд.

Барои мо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз, аллакай, ба мушоҳида мерасад, ки созишномаҳои бадастомада кор мекунанд. Ҳарду кишвар раводидҳоро то 30 рӯз бекор карданд ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.

Дар фарҷоми суханҳо мехоҳам таъкид намоям: мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

6
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Тошканд, Душанбе, Парлумон, Маҳмадтоир Зокирзода
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Тасдиқи иншооти махсусан муҳими нав дар Тоҷикистон: Ҳукумат аз андозу боҷ озод кард

1209
(Таҷдидшуда 13:54 21.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим дар ҷумҳурӣ, ки аз сабукиҳо бархӯрдоранд, як адади дигарро зам намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ба феҳрасти иншооти махсусан муҳими Тоҷикистон, сохтмони "Майдони Истиқлол" шомил шуд.

Феҳрасти молу таҷҳизоте, ки барои сохтмони "Майдони Истиқлол" ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ гардида, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Сохтмони "Майдони Истиқлол" тобистони соли равон расман оғоз бахшида шуд. Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш дода буд, ки масоҳати умумии "Майдони Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - навишт котиботи раисҷумҳур.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Майдони Истиқлол бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

1209
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон