Сафари ҷолиб: меҳмонии президент дар деҳаи Фалакон, сӯҳбат бо занони нонпаз ва ҳадяи китоб

© Пресс служба президента РТВизит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области
Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаводаи як сокини ҳамин ҷо ташриф оварда, бо истифодаи замини наздиҳавлигии онҳо шинос шудааст, бо заное ки нон мепухтанд сӯҳбат карда, дар фарҷом тӯҳфаҳои зиёд аз ҷумла як баста китоб ҳадя кардааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон аз як сафари ҷолиби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин дафъа кишвардор ҳангоми сафараш ба ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Фалакон ба хонаводаи яке аз сокинон "меҳмон" шудааст.

Тавре манбаъ менависад, раисҷумҳур ба хонаводаи Усмоновҳо ташриф оварда, аз замини наздиҳавлигии хонавода боздид ба амал оварда, бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.
Эмомали Рахмон дарит подарки детям - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбати президент бо ятимон ва ҳадяҳои раисҷумҳур ба онҳо дар Хистеварз

Котиботи президент афзудааст, масоҳати умумии замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо 0,14 гектарро фаро мегирад, ки дар 0,08 садяки он кишту парвариши зироат ба роҳ монда шудааст.

"Аъзои оила дар дар назди ҳавлии хеш ду гармхона бунёд намуда, кишту парвариши помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лаблабу, ангур, лимӯ ва навъи гуногуни зироатро ба роҳ мондаанд", - тавзеҳ додааст дафтари матбуотӣ.

"Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд,суҳбати самимӣ анҷом дод", - таъкид мекунад манбаъ.

Кумаки вакили тозаинтихоб ва писари муҳофизи №1-и Президент алайҳи Covid-19-акс

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор, аз ҷумла яхдон, телевизиор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намудааст.

Лентаи хабарҳо
0