Қарзи музди меҳнат: 20 миллион сомонӣ ва муҷозоти 38 корфармо

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр труда Таджикистана Джабборзода Гулру
Министр труда Таджикистана Джабборзода Гулру - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 67 миллиону 367 ҳазору 700 сомонӣ расида, 38 корфармо муҷозот шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш, имрӯз, 23 июл, гуфт, тайи нимсолаи соли равон қарзи музди меҳнат 20 миллиону 571 ҳазор сомонӣ афзудааст.

"Ин қарз дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ба ҷуз кишоварзӣ, ошкор шудааст, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, нақлиёт, идораҳои беҳдошти замин, авиатсия ва ғайра. 90,3% фоизи қарздорӣ ба 27 корхона рост меояд, ки ҳама ғайрибуҷавианд. Корхонаҳои буҷетӣ 185 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби музди меҳнат ба кормандонашон қарздоранд. Соҳаи тандурустиву маориф қариб ки қарз надоранд, ба ҷуз чанд муассисаи маориф дар вилояти Хатлон, ки ин масъала ҳамин рӯзҳо ҳалли худро меёбад", - гуфт Гулрӯ Ҷабборзода.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тайи шаш моҳи соли равон барои пардохт накардани музди меҳнати кормандон алайҳи 38 роҳбари ташкилоту муассиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, ҳар яке аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда – 58 сомонӣ), дар умум 49 271 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маош то 60 ҳазор: вилояти Маскав омода аст муҳоҷирони тоҷикро бо кор таъмин кунад

Тибқи талаботи моддаҳои 140 ва 158 – и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, корфармо муваззаф аст, ки дар ним моҳ на камтар аз як маротиба ба коргари худ музди меҳнат пардохт кунад.

Моддаи 19 – и ин Кодекс корфарморо вазифадор мекунад, ки новобаста аз вазъи молиявии корхона музди меҳнатро бо роҳи гирифтани қарз, ҷалби маболиғи беруна, захираву даромадҳои дохилӣ ва ё ба фурӯш баровардани моликияти корхона пардохт намояд, зеро корманд ба ҷуз музди меҳнат дигар манбаъи даромад надорад.

Метарсанд...

Дар ҳамин ҳол, Дӯстмурод Муродзода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, шаҳрвандон аз тарси ин, ки ҷои корро аз даст хоҳанд дод, ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Промышленное предприятие Азот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатъи созишнома бо Чин: Ҳукумат нархи корхонаи “Азот” ва шартҳои фурӯшро эълон кард

"Муроҷиати шаҳрвандон ҳамагӣ 131 адад аст. Ҳол он ки мо телефони боварӣ дорем, махфияти онҳоро кафолат медиҳем. Бино ба Конвенсияи №81 – и Созмони байнулмилалии меҳнат, хадамоти назорати соҳаи меҳнат ҳуқуқ дорад бе фош кардани ному насаб ва сарчашмаи маълумот дар корхонаҳо санҷишҳои ғайринақшавӣ кунад", - гуфт Дӯстмурод Муродзода.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба ҳолати имрӯз ҳамагӣ 210 771 сомонӣ ошкор ва ба кормандон пардохт шудааст, дар ҳоле ки дар пайи ҳамкории ниҳодаш бо муроҷеин, аз ҷумла тариқи сомонаи расмӣ ва ду сафҳаи хадамот дар Фейсбук, ин маблағ ба 4 миллиону 999 ҳазору 900 сомонӣ мерасад, аз ҷумла 2 миллиону 130 ҳазору 700 сомонӣ дар пайи аз омори расмӣ пинҳон доштани маълумот аз сӯи корфармоён рӯи об баромадааст.

"Корфармо муваззаф аст, ки ҳар моҳ ба мақомоти давлатӣ дар бораи вуҷуд доштану надоштани қарзи музди меҳнат расман ба Агентии омор маълумот диҳад. Пешниҳод накардани омор ё пешниҳод кардани омори ҷаълӣ, таҳрифшуда ё дурӯғ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноиро дар пай дорад. Пардохт накардани музди меҳнат низ ҷавобгарии маъмурӣ ва қасдан пардохт накардани он ҷавобгарии ҷиноӣ дорад", - гуфт Дӯстмурод Муродзода.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 67 миллиону 367 ҳазору 700 сомонӣ ба 12 ҳазору 60 корманди 87 муассисаву ташкилоти кишвар рабт дошта, ин маблағ аз соли 2006 ба ин сӯ ҷамъ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0