Свадьба в Таджикистане, архивное фото

Маҳдудияти нав дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ: аз 40 кас зиёд набошад

2810
 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз маҳдудияти нав дар баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ хабар дод

 ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим дар пайи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “вируси корона” ё Ковид – 19 гирифта мешавад.

“Минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила, бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешавад. Тибқи тартиби нав, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Кумита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардидааст”, - гуфт Афшини Муқим.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё Ковид – 19 – и Тоҷикистон аз 15 июни соли равон дигарбора ба баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ иҷозат дода, теъдоди ширкатдоронро то 100 нафар муқаррар карда буд.

Ҷаримаи тӯйҳо дар Суғд: танзимро риоя накардаанд

Бори аввал ҳанӯз моҳи апрел қабл аз эълони мавориди аввалини “вируси корона” дар Тоҷикистон аз сӯи ин Ситод баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ муваққатан қатъ шуда буд.

2810
интернет-кафе, архивное фото

"Рейд"-и шабона дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд - макони паҳншавии бемориҳои сироятӣ

29
(Таҷдидшуда 18:26 22.09.2020)
Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерии шаҳри Хуҷанд доир намуданд

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд амалиёти шабона баргузор намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, санҷиши навбатӣ собит кард, ки то ҳанӯз аз беназоратии падару модар наврасону ҷавонон дар вақти дарс ва дар бевақтии шаб дар чунин марказҳо, ба бозиҳои зараровар ва хусусияти зуроваридошта машғул мегарданд.

"Дар натиҷаи санҷиши мақсаднок ошкор гардид, ки дар 7 нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ ва 4 марказҳои интернетӣ дар баробари ҷавонон 5 нафар ноболиғ низ машғули чунин бозиҳои зараровар мебошанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати ҷойдошта бо дастрасии моддаи 90-и КҲМ ҶТ нисбати волидайни ноболиғон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

"Ҷавонону ноболиғон асосан дар чунин марказҳо ба бозии зараровари Контр-страйк, ки дар он қатлу куштор ва ҷаҳолату разолат таблиғ мегардад, машғул буданд", - афзудааст РВКД.

Кормандони милитсия бо 132 нафар ҷавонон, ки дар ин марказҳои компютерӣ бо бозӣ машғул буданд корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ доир намуда, оқибатҳои зараровари чунин бозиҳои хусусияти ваҳшонияту зуроваридоштаро фаҳмониданд.

Мавриди қайд аст, ки қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар аксари марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ риоя нагардида, талаботҳои ҷойдошта оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави СОВИД-19 роҳандозӣ нагардидаанд.

Нисбат ба соҳибони марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ барои вайрон намудани талаботи дар иҷозатнома зикргардида, яъне ба ноболиғон иҷозат додан ба бозиҳои компютерӣ ва риоя накардани дигар талаботҳои қонунгузорӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар Душанбе вуруди наврасони ба интернет – кафе манъ шуд

29
Памятник Рудаки, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

24
(Таҷдидшуда 16:55 22.09.2020)
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

24
Барчаспҳо:
ёдбуд, бузургдошт, адабиёт, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Человек пишет в блокноте, архивное фото

Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод

0
(Таҷдидшуда 18:03 22.09.2020)
Дар озмуне дар ин кишвар бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бори нахуст дар Фестивали адабии байналмилалии Меделин шеъри тоҷикӣ садо дод, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта мешавад, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд. 

Имсол дар Фестивал 180 нафар шоирону олимони маъруф ва 20 дорандаи мукофоти алтернативии Нобел аз 103 давлати дунё ширкат намуданд.

Фестивали мазкур соли 1991 аз ҷониби шоир, файласуф ва арбоби ҷамъиятӣ Фернандо Рендон таъсис дода шуда, соли 2006 ба Ҷоизаи алтернативии Нобел – “Барои ҳақиқат,  сулҳ ва адолати иҷтимоӣ” сазовор гаштааст.

Инчунин Фестивали адабии байналмилалии Меделин аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии Колумбия эътироф гардидааст.

Абдуқаҳҳори Қосим дар суҳбат бо "Ховар" иброз намуд, ки “фестивал аз  моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида, шоирону нависандагон маҳсули эҷоди худро тавассути сабти видеоӣ пешниҳод намуданд. Ман 15 шеъри худро, ки тараннумгари сарзамини Тоҷикистон, модар, ишқу муҳаббат ва Ватан буданд, қироат намудам”.

Сабти қироати муаллиф бо забони тоҷикӣ ва бо тарҷума ба забони испанӣ тӯли як соат дар ин фестивал тариқи сомонаҳои Ютуб, Зум, Фейсбук ва ғайра намоиш дода шуд. Инчунин аз ҷониби тарҷумонҳо маълумот дар бораи сарзамини Тоҷикистон  ва аксҳои табиати дилрабои мамлакатамон бо забони испанӣ пешниҳод гардиданд.

Эрдуғон дар маросими кушоиши масҷиди Аёсофия ба забони форсӣ шеър хонд- видео

Хусусияти дигари ҳамоиш он аст, ки намояндаи ҳар миллат бо забони худ суханронӣ ва шеър қироат мекунад.

Фестивали адабии байналмилалии Меделин то 10 октябр идома меёбад. То имрӯз дар ин фестивал зиёда аз 1800 шоир аз 170 давлати панҷ қитъаи рӯи дунё ва 165 миллат ширкат варзидаанд. Имсол ҳамоишро дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

0