Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагонаш дар Данғара: тарбузчинии президент

© акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонБоздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз хоҷагии "Сомонҷон"
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз хоҷагии Сомонҷон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо фарзандону наберагон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, меваҳои полезӣ чидааст

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Тавре манбаъ менависад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара қарор дошт ва аз се хоҷагии деҳқонӣ дидан кард. Дар ин сафар раисҷумҳурро фарзандону наберагонаш низ ҳамроҳӣ мекарданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон с семьей Усмоновых в Рудацком районе - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши акси аз "меҳмонӣ", чойхӯрӣ ва сӯҳбати раисҷумҳур дар як хонавода
Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ кардааст.

"Дар ҳамин ҷо Президентба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки аз ҳосили имрӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт — Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб — интернати рақами 2 — и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонн полезӣ кумаки моддӣ расонанд", - менависад манбаъ.

Ҳамин тавр президент аз хоҷагиҳои "Сомонҷон", "Фатҳиддин" ва "Барно" дидан кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0