Ҳайронии вазири тандурустӣ ва таъкиди ӯ бар дурустии омори Covid – 19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19
Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, оморе, ки вазораташ дар ихтиёри мардум мегузорад, дақиқу дуруст аст ва ҳеҷ ҷои шакку шубҳа надорад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, сомонаву шабакаҳои интернетӣ ҳар фавтеро, ки дар шифохонаҳо дар замони пандемияи “вируси корона” ё Covid – 19 иттифоқ меафтад, ба ин маризӣ рабт медиҳанд ва ин дуруст нест.

Врач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Фавти боз як бемор аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард
“Солҳои пеш бемориҳои пневмония ба қайд гирифта мешуд. Ҳайрон астем, ки чаро он замон ягон ҳодисаи марг аз пневмония дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар вокунишро ба бор намеовард. Аммо ҳоло ки дар саросари олам пандемияи “вируси корона” ҳукмрон аст, ҳар ҳодисаи фавт дар шифохонаҳоро ба ин маризӣ рабт медиҳанд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо хешу табору ҳамсояҳо фавти беморашонро аз ин маризӣ медонанд. Ин гуна қазоватҳо оморҳои вазорати тандурустиро таҳриф мекунанд”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ироаи омори гирифторӣ ва фавту шифоёбӣ аз “вируси корона” - ро вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз 30 апрел, рӯзе, ки 15 мавриди аввал эълон шуданд, шурӯъ кард. Тибқи охирин гузориши вазорат, то санаи 25 июл дар кишвар 7150 маврид ошкор шуда, аз ин шумора 5906 (82,6%) нафар шифо ёфта, 59 нафар фавтидаанд. Ин омор дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳо таҳти шубҳа қарор мегирад.

Стоп коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Олимон мегӯянд коронавирус инсонро чандбораҳо сироят мекунад, аммо хабари хушоянд ҳам ҳаст
Ба бовари бархе дар асл шумораи маргумир аз “вируси корона” дар кишвар бештар аз он аст, ки дар омори расмӣ меояд. Ба бовари онҳо, ангезандаи бемориҳое, ки сабаби фавти одамон шудаанд, маҳз “вируси корона” аст. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иқтимоии Тоҷикистон мегӯяд, бино ба таҳлилҳои ин ниҳод, дар бисёр ҳолатҳо фавтҳое, ки дар беморхонаҳо сар мезананд, пеш аз ҳама ба он бемориҳои музмин, назири фишорбаландии ишемикии дил, фарбеҳӣ ва бемории қанд рабт доранд, на “вируси корона”.

“Рӯзҳои аввал тамоми мардум дар як ҳолати тарс қарор дошт. Стресс ҳам ҳам сабаби сар задани ориза ва сабаби марг буд. Сабаби фавти маризонро табибон бар асоси таърихи беморӣ ва мутахассисони барҷаста бо хулосаи худ маълум мекунанд. Аз ин хотир, он оморе, ки имрӯз вазорати тандурустӣ пешниҳод мекунад, дақиқу дуруст аст ва дигар оморе, ки аз сӯи шаҳрвандон ва хешу табор ироа мешавад, дуруст нест”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон панҷ маркази санҷиши “вируси корона” мавҷуд буда, имрӯзҳо то 1,5 ҳазор нафар аз санҷиш мегузаранд ва аз 30 апрел то ба ҳол беш аз 65 ҳазор нафар аз тести “вируси корона” гузаштаанд, ҳоло кишвар беш аз 100 ҳазор тести дигар дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0