Таъсири COVID-19 ба фаъолияти соҳибкорони Суғд: 45 милион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПокупатели на рынке Коврон в Душанбе
Покупатели на рынке Коврон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти нозироти андоз дар вилояти Суғд аз хисороти чашмраси хуруҷи пандемияи COVID-19 ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъкид варзиданд

ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Масъулони Идораи нозироти андоз дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар бораи таъсири бемории коронавирус ба ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ зикр намуда, гуфтанд, ки ба ин делел иҷрои нақшаи даромади андозҳо ҳам дар се моҳаи дуюми соли ҷорӣ мураккаб гардид.

“Ба маҳзи таъсири паҳншавии бемории COVID-19, тибқи маълумотҳои пешакӣ беш аз 14 ҳазор соҳибкорони бо патент фаъолият кунанда ва 2, 2 ҳазор соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 500 шахсони ҳуқуқӣ оид ба муввақатан боздоштани фаъолият ба мақомоти андоз муроҷиат намудаанд. Инчунин аз ҳисоби озодкунӣ аз андозҳо, кам намудани меъёрӣ андоз ва таҳти таътили андозӣ қарор гирифтани соҳаҳои алоҳидаи фаъолият, тибқи ҳисобҳои пешакӣ беш аз 45 милион сомонӣ маблағҳо ба буҷети давлатӣ ворид нагардид”, - иттилоъ доданд дар нишасти матбуотӣ.

Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳам дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки бемории ҳамагири каронавирус ба рушди соҳаи саноати вилоят осеби ҷиддӣ расонд.

Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

Ба иттилои Аҳмадзода ба далели хуруҷи COVID-19 дар ин давра 500 милион сомонӣ кору хизматрасонӣ дар соҳаи саноати Суғд иҷро нашудааст.

“Аз сабаби доман паҳн кардани бемории коронавирус робитаҳо ба тамоми ҷаҳон аз ҷумла бо кишвари Русия ва кишварҳои Аврупо қатъ гардид. То замони хуруҷи беморӣ қариб ҳамарӯза аз фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд то 5 тайёра бо 2 ҳазор мусофир парвоз мекард. Қариб ҳар кадоми мусофирон намояндагони касбу кори гуногуни тиҷоратӣ буданд”, - иброз намуд Аҳмадзода.

Бо вуҷуди вазъи мураккаби ҷамъоварии андозҳо ва коҳишёбии шумори пардохтпазирии аҳолӣ дар аҳд пандемия, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар Суғд ба андозаи 100, 9 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 1292, 9 милион сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1304, 0 милион сомонӣ ворид шудааст, ки ин рақам нисбат ба нишондодҳои нақшавӣ ба андозаи 11, 1 милион сомонӣ зиёд аст.

Лентаи хабарҳо
0