Собун ва хокаи ҷомашӯии тоҷикӣ: "Озода косметик" истеҳсол мекунад

CC0 / Pixabay / eujava / Мыло, архивное фото
Мыло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров авохири соли ҷорӣ корхонаи истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақша дорад то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 12 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунандаро амалm намояд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Колбасные продукты в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи коргоҳи нави ҳасиббарории ширкати “Азизи” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба иттилои манбаъ, то авохири соли ҷорӣ, дар ин ноҳия истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ба роҳ андохта мешавад.

Ин корхона дар шаҳраки Ғафуров бо ибтикори ҶДММ "Озода косметик" сохта мешавад.

Гуфта мешавад, то имрӯз ба коргоҳ хати муосири технологӣ ворид ва он насб гардида, ҳоло аз ҷониби мутахассисон корҳои таҷрибавии истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд.

Made in Tajikistan: дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истеҳсоли афшура шурӯъ карданд

Гузашта аз ин, дар маркази ноҳия сохтмони боз ду коргоҳи нави саноатӣ — корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли равған бо маром ҷараён дорад. Ин ду коргоҳ аз ҷониби ҶДММ "Хубҷамъ" дар масоҳати 5 гектар ба маблағи 120 миллион сомонӣ бунёд гардида истода, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷом қарор доранд.

Тибқи нақша, дар корхонаи коркарди ғалла дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард гардида, дар корхонаи истеҳсоли равған низ дар як шабонарӯз то 30 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Оғози пахтачинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тавсияҳои Аҳмадзода ба пахтачинон

Манбаъ меафзояд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 8 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 80 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби қариб сад коргоҳи саноатии ноҳия ба маблағи 948582,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.

Ҳамзамон суръати афзоиши истеҳсолот дар ин давра ба 169,9% баробар гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0