Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин

Вазир дар бораи интиқоли ҷасадҳо, ихроҷшудаҳо ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа

518
Тоҷикистон пас аз қатъ шудани парвозҳо бо кишварҳои дигар 207 ҷасади шаҳрвандонашро аз хориҷ ба ватан баргардондааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ин шумора 205 ҷасад аз Русия оварда шудаанд.

"Иддае аз онҳо тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва бархеи дигар аз роҳҳои заминӣ ба ватан оварда шудаанд", - гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шурӯъ аз аввали апрели соли равон Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ 16 ҳазору 400 шаҳрвандашро, ба шумули 8 ҳазор нафарро аз Русия баргардонидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 10 ҳазору 623 нафар тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва 5 ҳазору 777 нафар тариқи роҳҳои заминӣ интиқол ёфтаанд.

Сироҷиддини Муҳриддин ҳамчунин аз интиқоли шаҳрвандоне, ки ба далели ихроҷ шудан дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия қарор доштанд, иттилоъ дода, гуфт, аз моҳи апрел ба ин сӯ 680 нафари ихроҷшуда ба ватан баргардонида шудаанд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

"Рӯзҳои 28 – 29 боз 200 шаҳрванди дигарамонро, ки ба далели нақзи қавонини Русия ихроҷ шуда, дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, интиқол хоҳем дод", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи гузашта тасмим гирифта буд, ки аз 25 июн то 31 июли соли равон 46 парвози чартериро аз шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва ғайра анҷом диҳад. Сироҷиддини Муҳриддин гуфт, ҳар ҳафта 10 парвоз анҷом мешуд ва ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки теъдоди парвозҳо афзуда шавад.

"Шурӯъ аз имрӯз, 27 июн, ба мо иҷоза дода шуд, ки ҳар рӯз ду парвоз анҷом диҳем. Ҳамин тавр, теъдоди парвозҳои чартерӣ ба 14 адад дар ҳафта мерасад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳоли ҳозир 42 ҳазору 603 нафар, аз ҷумла 31 ҳазор нафар тариқи почтаи электронӣ ва 11 ҳазору 803 нафар тариқи мактуб ба сафорату намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа барои бозгашт ба ватан ариза додаанд. Аз ин шумора 41 ҳазор ариза ба Русия рост меояд.

Русия ҳанӯз аз 18 марти соли равон эълон карда буд, ки ба далели ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" марзҳояшро ба рӯи тамоми кишварҳои ҷаҳон хоҳад баст. Охирин парвоз аз Русия 27 март анҷом шуда буд.

518
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, шаҳрвандон, ихроҷ, ҷасад, ВУХ ҶТ, вазир
Спикер Парламента Таджикистана Мухамадтоир Зокирзода и посол Ирана в Душанбе Маухаммадтаки Собири

Эрон эълон кард омодааст дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

17
(Таҷдидшуда 18:19 25.09.2020)
Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бар аҳаммияти равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносиботи ду кишвар таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи маҷолиси ду кишвар ва нақши онҳо дар иртиқои сатҳи муносиботи дуҷониба, омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо эълом кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадтақии Собирӣ зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа ҳавзаи иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистонро болотар аз сатҳ кунӯнӣ донист ва афзуд, ҳамкории музоаф барои ҷуброни осебҳои иқтисодӣ дар даврони пасокуруна зарурӣ аст.

Муҳаммадтоир Зокирзода низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти ду кишвар ва собиқаи равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон, изҳор кард, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва сафорати худро  дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Зокирзода бо таъкид бар аҳаммияти нақши равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносибот миёни давлатҳо ва миллатҳо, таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон ва Маҷлиси Тоҷикистонро гоми муҳим дар масири тақвияти ин ҳамкориҳо донист.

17
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, муносибат, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, равобит, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

699
(Таҷдидшуда 18:46 25.09.2020)
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

699
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

11
(Таҷдидшуда 18:50 25.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, аз 30 апрел то 25 сентябр ба 9 ҳазору 562 нафар расида, аз ин беш аз 87 дарсадашон шифо ёфтаанд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 8 ҳазору 341 нафар ё худ 87,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 74 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 98 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

11
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, беморӣ, Тоҷикистон