День 28 июля

Ҷашнҳои рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

77
(Таҷдидшуда 23:14 27.07.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми июл Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи гепатит мебошад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Перу аз Рӯзи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1868 Конститутсияи ИМА бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода мешуд.

День 25 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардиданд (12 август ба анҷом расиданд).

Соли 1992  дар Афғонистон дар телевизион баромад кардани занон манъ карда шуд.

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011  дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода  бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

Соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлати ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд.

День 26 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар карданд.

Соли 2018 бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» ба табъ расид

Соли 2018  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз танаффузи зиёд тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» дар самти Душанбе – Самарқанд нахустин парвозро анҷом дод.

Ҷашнҳои рӯзи 28 июл

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.
  • Дар Перу – Рӯзи Истиқлолият.
77
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш

“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

290
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

290
Девушка в наручниках, фото из архива

Боздошти Миҷгона Умар, котиби суд барои "вазифафурӯшӣ"

207
(Таҷдидшуда 10:32 23.09.2020)
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, боздоштшуда Музаффарзода Миҷгона Умар дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор карда истода, даст ба порагирӣ задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат кардан дар таъин гардидани ӯ ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ аз охирин маблағи 5000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 25000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Минбаъд Музаффарзода М.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. ба ҷойи маблағи боқимондаи талабнамудааш як автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” соли бароришаш 2001-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонид”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, айни ҳол нисбати Музаффарзода М.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

207
Барчаспҳо:
пора, боздошт, корманд, Суд, Тоҷикистон