Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе

Қоидаҳои иди Қурбон дар соли 2020 : муроҷиати Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

3059
(Таҷдидшуда 14:45 28.07.2020)
Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рўзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварро бо фаро расидани Иди Қурбон табрик карда аз қоидаҳои таҷлили Иди Қурбон дар замони ҳамагирии COVID - 19 огоҳ мекунад.

Ҳамин тавр, бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии короновирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳдоштани аҳолии  кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.

Замони қурбонӣ ва тақсимот

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Иди Қурбон рўзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое ки қудрати қурбонӣ карданро доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.

"Ҳикмати қурбонӣ дар он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рўзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рўз бениёз гардонед!", - таъкид мекунад ин ниҳод.

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар Иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ баъд аз тақрибан як соат аз тулуи офтоб анҷом дода мешавад. 

Гўшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дўстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.

Бе идгардак

Бо назардошти вазъияти кунунӣ Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар рўзи ид мардум аз қабули меҳмонон худдорӣ намуда, таъоми омоданамудаашонро ба хонаҳои кўдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд, зеро ки аҷру подоши зиёд дорад.

"Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сирояти COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимолияти паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Беҳтар аст, ки ҳар нафаре аз хонаи худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, зеро  дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад".   

Ба тақвияти гуфтаҳои боло Шӯрои уламо аз фармудаҳои Пайғамбар (с) овардааст: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд:  «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».

"Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти фатвои Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рў, қотеона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон қатъиян худдорӣ намоянд", - таъкид мекунад Шӯрои уламо.

Ҷаноза мувофиқи дастурамал

Дар баробари ин, Шӯрои уламо хотирнишон карда, ки вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин», ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофгирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд.

Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва аторофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини мубини Ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ингуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Бинобар ин, Шўрои уламо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамояд, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи ками хешу таборони наздики маййит, бо рияои қатъии Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин» анҷом дода шавад.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи беҳдоштӣ  анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пўшанд. 

Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.

3059
Барчаспҳо:
Иди Қурбон, фатво, Шӯрои уламои ҶТ, Тоҷикистон
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Сафари Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пул оғоз ёфт

11
Кишвардори Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарӣ корӣ ба вилояти Хатлон имрӯз ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард

 

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Ховалинг аз ифтитоҳи пули нав миёни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.

Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Иншооти нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли худ таҳсину офарин хонда, намунаи ибрат барои дигар арзёбӣ кард.

11
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Ховалинг, Эмомалӣ Раҳмон
Чрезвычайный и Полномочный Посол Исламской Республики Иран в Российской Федерации

Сафири Эрон дар Русия дар бораи “худширинкунии” баъзе кишварҳои минтақа назди Амрико гуфт

110
(Таҷдидшуда 16:59 25.09.2020)
Новобаста аз таҳримҳо Эрон кушиш хоҳад кард, ба ҳамаи кишварҳои дустӯ ҳамсоя равобити хуб дошта бошад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Козим Ҷалилӣ, сафири Эрон дар Русия имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар бинои "МИА Россия сегодня" дар шаҳри Маскав таъкид кард, ки Эрон бо бархе аз кишварҳои минтақа на танҳо таърихи муштарак балки чандин барномаҳои иқтисодӣ низ дорад.

Вай афзуд, мусалам аст, ки Русия бузургтарин шарики Эрон аст ва Теҳрон бо ин кишвар дар бахшҳои гуногун ҳамкории зич дорад.

Оқои Козим Ҷалилӣ зикр кард, ки кишвараш бо Русия дар самтҳои низомӣ, амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкории бениҳоят зичро ба роҳ мондааст.

Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин дар бораи равобити Тоҷикистону Эрон сухан кард.

Вай гуфт, Тоҷикистон кишвари бародари мост ва Эрон ҳамеша мехоҳад, ки бо ин кишвар равобити бисёр хубе дошта бошад.

“Мо бо Тоҷикистон чандин барномаҳои муштарак дорем. Мо бояд барномаҳои худро дар ин кишвар ба анҷом расонем. Ҳамингуна равобитро мо мехоҳем бо дигар кишварҳои минтақа низ дошта бошем. Равобити хуб бо кишварҳои дӯсту ҳамсоя дар мадди аввали ҳукумати Эрон аст”, - гуфт ҷаноби сафир Қозим Ҷалилӣ.

Дар ҳамин ҳол сафири Эрон дар Русия таъкид дошт, ки бархе аз кишварҳои ҳамсоя ба ҷои равобит хуб бо кишвари дӯсти минтақавӣ ҳамкорӣ бо кишвари ғайри минтақавӣ аз ҷумла бо Амрикоро интихоб мекунанд.

“Ин кишварҳо мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки бо Эрон чандон равобити хуб надоранд ва имкониятҳои пешомада бо Амрико наздик шаванду аз имкониятҳои вай истифода намоянд”, - қайд кард сафири Эрон дар Русия.

Қозим Ҷалилӣ, илова кард, ки Эрон кушиш хоҳад кард дар оянда низ бо тамоми кишварҳои минтақа равобити хуб дошта бошад.

110
Барчаспҳо:
равобит, дӯстӣ, кишвар, ҳамкорӣ, Русия, Эрон, Тоҷикистон