Главный корпус больницы Истиклол

Кумаки соҳибкори тоҷик ба ятимону табибони Душанбе

223
(Таҷдидшуда 20:53 28.07.2020)
Роҳбари ҶДММ “Сарманзил” дар арафаи иди Фитр ҳам ба 1700 нафар кормандони тиббии беморхонаҳои 4 ноҳияи пойтахт ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Ба муносибатиИди Қурбон аз ҷониби соҳибкор, роҳбари ҶДММ “Сарманзил”, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба муассисаҳои тиббӣ ва мактаб – интернатҳои  шаҳри Душанбе кӯмакҳои моддии ғизоӣ расонида шуд.

Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоии мавриди ниёзи аввал – орд, шакар, равған, биринҷ, макарон ва гӯшти мурғ иборат буда, аз ҷумла, ба тарбиятграндагони мактаб интернатҳои №1(67 нафар) , №2 (53 нафар) ва №3 (43 нафар), Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона (130 нафар), Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахметов (130) супорида шуданд.

Ҳамчунин маводи ғизоӣ ба  табибони Маркази назорати давлатии назорати санитарию эпидемиологи шаҳри Душанбе (30 нафар), Маркази тиббии шаҳрии №3 (300 нафар), Маҷмааи тандуруситии “Истиқлол” (200 нафар), Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” (200 нафар), Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи нақлиётии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (145 нафар), Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон (10 нафар) тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зимни супоридани кӯмакҳои мазкур ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбегуфтааст, ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешавад,  дар партави сиёсати Эмомалӣ Раҳмон  ва ибткороти  раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегирад ва  насли навраси кишвар бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиддан аз пайи омӯзиш шаванду содиқона ба халқу Ватани хеш хидмат намоянд.

Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин ҳини супордани кӯмакҳо ба кормандони муассисаҳои тиббии пойтахт онҳоро  “дардошноёни миллат” хонда, барои заҳматҳои шабонарӯзияшон ҷиҳати ҳифзи солимии миллат ба онҳо ибрози сипос кардааст.  

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ин гуна ташаббусҳои башардӯстона ба таври доимӣ роҳандозӣ мешаванд.

Ин соҳибкор дар арафаи иди Фитр ҳам ба 1700 нафар кормандони тиббии беморхонаҳои 4 ноҳияи пойтахт ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд.

223
Барчаспҳо:
маводи ғизоӣ, моддӣ, кумак, Тоҷикистон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

93
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

93
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

116
(Таҷдидшуда 01:39 27.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расид. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

116
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон