Похороны в Таджикистане, архивное фото

Омори ҷадиди маргу мир дар Тоҷикистон: таввалуд коҳишу фавт афзоиш ёфт

544
(Таҷдидшуда 12:55 30.07.2020)
Кумита омори Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар моҳҳои январ – июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд 3,9 дарсад кам шудааст

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Тавре имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини Кумитаи омори Тоҷикистон хабар доданд, дар моҳи январ-июни соли равон мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 100,9 ҳазор кӯдакони навзод дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайян кардашуда (бе назардошти сабти барқароркунии таваллудҳои солҳои пешин) ва 18,8 ҳазор шахсони фавтида, аз он ҷумла 1,1 ҳазор кӯдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтанд.

Гуфта шудааст, ки коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 21,6 ва 4,0 нафар рост омадааст.

Ҳамзамон масъулини Кумитаи омор зикр карданд, ки дар моҳҳои январ – июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд 3,9 дарсад кам шудааст.

“Камшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида шудааст. Дар вилояти Хатлон камшавии бақайдгирии таваллуд 3,8 дарсад, дар НТҶ 3,6 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 3,6 фоиз ташкил намудааст. Дар ВМКБ мутаносибан 5,5 фоиз ва дар вилояти Суғд 4,4 фоизро ташкил намуд”, таъкид кард масъулини Кумитаи омор.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки бақайдгирии шахсони фавтида дар моҳҳои январ -июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11 дарсад зиёд шудааст.

Қайд карда шуд, ки зиёдшавии бақайдгирии шахсони фавтида дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида шудааст. Дар вилояти Суғд бақайдгирии шахсони фавтида – 4,9 дарсад, дар вилояти Хатлон 11,6 фоиз, дар шаҳри Душанбе 34,6 фоиз, дар ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,9 фоиз зиёд шудааст. Дар ВМКБ бақайдгирии шахсони фавтида – 6,4 фоиз зиёд шуда, 467 фавтро ташкил намуд.

Афзоиши табии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 6,8  фоиз кам шуда, 82,1 ҳазор нафар ё ба 1000 нафар аҳолӣ 17,6 нафар рост омадааст.

544
Барчаспҳо:
афзоиш, коҳиш, омор, таваллуд, марг, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

152
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

152
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

273
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

273
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд