Женщины идут с зонтиками спасаясь от солнца

Мо гунаҳгор нестем: эътирози вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон

329
(Таҷдидшуда 17:55 30.07.2020)
Вазорати умури хориҷаи Туркманистон бо интишори баёнияе ба гузориши хабарнигори як шабакаи телевизеонӣ, ки гуфтааст ҳавои гарми рӯзҳои охир аз қаламрави Туркманистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, эътироз кард

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ин баёния, ки дар сомонаи Вазорати умури хориҷаи Туркманистон мунташир шуда, хабарнигори яке аз шабакаи телевизеонӣ барои зикри номи ин кишвар, ба надоштани малакаи касбӣ, бесаводӣ ва кӯтоҳандешии сиёсӣ муттаҳам шудааст.

“Таъкид бар ин нукта, ки ҳавои гарм аз Эрон ба Туркманистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон расидааст комилан беасос мебошад, зеро таъсири ҳавои гарм, ки аз ғарби Осиё вориди минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад бар асоси мушоҳидоти тӯлонии идораи ҳавошиносии Туркманистон, дар кавирҳои ин кишвар ночиз аст” – омадааст дар баёнияи Вазорати хориҷаи Туркманистон.

Дар ин баёния гуфта шудааст, дар шароити густариши вируси корона, ки гуфта 239 донишманди вирусшинос аз 32 кишвари ҷаҳон ин вирус метавонад муддати тӯлонӣ дар ҳаво боқӣ бимонад, интишори гузориш аз вуруди ҳавои гарм аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба маънои иттиҳом задан ба Ашқобод дар бораи интишори ин вирус мебошад, ки ғайри қобили пазириш аст.

Туркманистон токунун ба таври расмӣ ҳеҷ мавриде ба мубтало шудани шаҳрвандонаш ба Ковид-19-ро гузориш накардааст, аммо дар рӯзҳои ахир ба истифодаи шаҳрвандон аз ниқоб ва ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ таъкид кардааст.

329
Барчаспҳо:
телевизион, вазорати умури хориҷа, эътироз, Туркманистон, Тоҷикистон
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

16
(Таҷдидшуда 19:15 26.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расидааст. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.мяч

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

16
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

113
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

113
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон