День 1 августа

Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

134
(Таҷдидшуда 23:22 31.07.2020)
Рӯзи якуми август дар Озарбойҷон Рӯзи алифбо ва забон ҷашн гирифта мешавад. Дар Чин– Рӯзи таъсиси армияи халқӣ- озодкунанд таҷлил мешавад

Рӯзи 1август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1834 дар калонияҳои Британияи Кабир ба ғуломӣ гирифтани одамон манъ карда шуд.

День 31 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1922 аввалин Конститутсияи доимоамалкунандаи Литва қабул гардид.

Соли 1936 дар Берлин бозиҳои XI тобистонаи олимпӣ оғоз шуда, 16 август ба анҷом расиданд.

Соли 1968 Канада пулҳои нуқрагиро ба никел тағйир дод.

Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1974 Гретсия ҳуқуқи шаҳрвандон ва Конститутсияашро барқарор кард.

Соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ медали "Ситораи тиллоӣ" таъсис дод, ки барои хизматҳои шоиста ба қаҳрамонони ин Иттиҳод дода мешуд.

Соли 1998 донишҷӯи америкоӣ дучархаи аз ҳама калонтарин дар ҷаҳонро сохт, ки зиёда аз 7 метр баландӣ дошт.

Рӯзи 1 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2013 маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро имзо намуданд.

День 28 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонида шуд

Ҷашнҳои рӯзи 1август

  • Дар Ангола — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.
  • Дар Бенин – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Хитой – Рӯзи таъсиси армияи халқӣ- озодкунанда.

Рӯзи 1 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1923-2002) – олими филолог, академик Раҷаб Амонов.

Соли 1936 – олими адабиётшинос Чобулко Додалишоҳ.

Соли 1939 – философ, профессор Ёқуб Одинаев.

Соли 1943 – доиразан, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Шарифҷон Орифов.

Соли (1944-1995) – композитор Юнис Мамедов.

Соли (1948-1998) – художник Абдулҳамид Қодиров.

Соли 1951 – дипломат Акбаршо Искандаров.

Соли 1954 – рассом Ҷонибек Асозода.

134
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Паспотр РФ, архивное фото

Хонавайронӣ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия

369
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 71 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат кам аст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Соҷида Нуридинзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки  гарчанде ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо имсол камтар ба қайд гирифта шудааст, ин вазъ нигаронкуннад аст.

Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аризаҳое, ки барои ҷудо кардани оилаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба бахши САҲШ-и ноҳия ворид шуданд хело зиёд аст.

Соҷида Нуридинзода қайд кардааст, ки аз теъдоди ҷудошавии оилаҳо танҳо 7 ҳолаташ бо аризаи тарафҳо  ва 64 ҳолати дигар бо ҳалномаи суд бекор шудаанд.

Ин шахси масъул, омили ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи Хуросон гирифтани шаҳрвандии Русия арзёбӣ кард.

“Ҳангоми суҳбату вохуриҳо бо оилаҳое, ки ақди никоҳи худро бекор карданд маълум гашт, онҳо зиндагии муштарак доранд, аммо ба хотири шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардан, ақди никоҳашонро бекор кардаанду маълумотномиа муҷаррад буданро мегиранд”, - таъкид дошт Соҷида Нуридинзод.

Ҳамчунин вай сабиб бекор шудани 7 оилаи дигарро, ки бо розигии тарафҳо ҷудо шудаанд, бефарзандӣ арзёбӣ кард.

369
Барчаспҳо:
бекор кардан, никоҳ, оила, ҷудошавӣ, шаҳрвандии Русия, Русия, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

176
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

176
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия