Раъду барқ ва борон: пешбинии дақиқи обуҳавошиносон барои имрӯз

© alsudiz / PixabayПрогноз погоды
Прогноз погоды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон гузориш медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Нарезные дольки арбуза - Sputnik Тоҷикистон
Истеъмоли барзиёди тарбуз хатари ҷиддӣ дорад: ғизошинос гуфт ба кадом одамон
Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо  суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳаво камабр шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Борони сел ва то 44 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз номусоидии ҳаво

Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда мешавад. Танҳо нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.

Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0