Река Душанбинка. Архивное фото

Пайдо шудани ҷасади зани номаълум аз соҳили дарёи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

544
(Таҷдидшуда 13:32 01.08.2020)
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, аз пайдо шудани ҷасади як зани тахминан 30-сола хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса ба 29 июли соли равон иттифоқ афтодааст.

"Ҷасадро рӯзи 29 июли соли 2020, соати 15:31 Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе аз соҳили дарёи Душанбе, наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз об берун овард", - менависад манбаъ.

Ҷанозаи зани номаълум ба кормандони ШКД ноҳияи Синои пойтахт супурд. 

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи муайян шудан ё нашудани шахсияти майит иттилое надодааст.

Ҳамчунин, бино бар иттилои КҲФ, дарНорак як ноболиғ, сокини маҳаллаи Санги Бораи ин шаҳр ба об ғарқ шудааст.

 Бино ба маълумоти Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак ин ҳодиса нисфирӯзии 27-уми июл дар мавзеъи Электрони дарёи Вахш рух додааст.

Номбурда 13 сол доштааст ва сабаби марги ӯ беназоратии волидон ва надонистани қоидаҳои оббозӣ гуфта шудааст. Ҷасади ӯро ғаввосони дастаи наҷоти КҲФ аз мавзеи корхонаи оҳану қири шаҳри Норак пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе бошад, аз пайдо шудани ҷасади як зани тахминан 30-сола хабар дод. Манбеъ гуфт, ки ҷасадро рӯзи 29 июли соли 2020, соати 15:31 Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе аз соҳили дарёи Душанбе, наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз об берун овард ва ба кормандони ШКД ноҳияи Синои пойтахт супурд.

Шахсияти ҷасад маълум нашудааст.

544
Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото

Супориши Маликшо Неъматзода: барои пешгирӣ аз Covid-19 тадбирҳои иловагӣ андешед

10
(Таҷдидшуда 15:40 26.09.2020)
Раиси шаҳри Норак ба масъулини дахлдор супориш додааст, ки барои пешгирӣ аз Covid-19 тадбирҳои иловагӣ андешанд ва ба маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва интихоботи президнтӣ ҷидди омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Норак, ахиран дар толори хурди мақомотии шаҳри Норак машварати кории раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо иштироки шахсони масъул баргузор гардид.

Гуфта шудааст, ки дар рафти кори машварат чаҳор масоили муҳим баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои манбаъ раиси шаҳр ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории Covid-19 супоришҳои қатъӣ додааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки раиси шаҳри Норак бо масъулин масоили  натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҳисоботи гурӯҳи корӣ оид ба ташкилу баргузор намудани маъракаи ҷумҳуриявии барӯйхатгирии аҳолӣ ва масъалаи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихобот оид ба баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Тоҷикистон баррасӣ кард.

 Зикр гардидааст, ки дар асоси гузоришҳо мавзуъҳои баррасишаванда натиҷагирӣ гардида, диққати масъулин ба иҷрои саривақтии камбудиҳои ҷойдошта равона гардид.

10
Барчаспҳо:
вируси корона, Интихоботи президентӣ, пешгирӣ, супориш, Норак, Тоҷикистон
Гости танцуют на узбекской свадьбе

Бо 65 нафар туй гузаронидаанд: тарабхонаи "Равшан" - ро дар Хуҷанд бастанд

28
(Таҷдидшуда 15:39 26.09.2020)
Мақомоти беҳдоштии шаҳри Хуҷанд тибқи як санҷиши корӣ ҳолати аз меъёр зиёд иштирок намудани сокинон дар туйи арӯсӣ дар тарабхонаи “Равшан” - ро ошкор намуда фаъолияти онро муваққатан боз доштаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, ки масъулони ин тарабхона бар хилофи тавсияи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар вақти баргузории як тӯйи арӯсӣ ба иштироки 65 нафар иҷоза додаанд.

"Дар давраи пандемияи коронавирус, барои баргузор намудани тўю маъракаҳо бо 30-40 нафар рухсат шудааст, вале аз ҷониби маъмурияти қаҳвахонаи "Равшан" барои барпо намудани тўйи хонадоршавии шаҳрванд А.А. бо 65 нафар иҷозат дода, ба ин ҳол банди 6-и протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.2020 сол таҳти №8 ро вайрон кардаанд", - гуфтаанд мақомоти беҳдоштӣ.

Дар рафти санҷиш масъулин чандин ҳолати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла мавҷуд набудани монеаи безараргардонӣ (дизбарер), реҷаи рӯзи вижаи санитариро собит кардаанд ва ба далели ҷойдошти камбудиҳо, мақомот фаъолияти қаҳвахонаи "Равшан", - ро то замони бартараф намудани чунин камбудиҳо боздоштаанд.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз Идораи беҳдоштии Суғд гуфтанд, ки дар ҷараёни санҷиши корӣ дар самти пешгирии сирояти коронавирус ҳафтаи гузашта ба ҳисоби қаҳвахонаи "Равшан", фаъолияти 18 иншооту муассисаҳои хуроки умум аз қабили мағоза ва ошхонаю тарабхонаҳо дар қаламрави вилоятро то замони бартараф намудани камбудиҳо боз дошта, ҳамчунин дар пайи риоя накардани қоидаҳои сенитарию эпидемиологӣ беш аз 80 санади маъмурӣ бо пардохти 8700 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.

Чанде пеш ҳам Идораи санитарию эпидемилогии Хуҷанд дар зимни баргузории санҷиш, мавридҳои риоя нашудани талаботҳои беҳдоштӣ аз ҷумла ташкил накардани маҳлули антисептикӣ ва дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ барои харидорон, бе дастпӯш савдо кардани фурӯшандаҳо дар мағозаҳоро ошкор намуда, то бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти чандин мағозаҳои бузургро муваққатан боздошта буд.

28
Барчаспҳо:
бастан, тӯй, Хуҷанд