Ребенок на диване

Наҷоти кӯдаки дусола дар Душанбе, ки паси дари баста монда буд

315
(Таҷдидшуда 14:09 01.08.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷоти як кӯдаки ду сола, ки паси дари баста дармонда буд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Зарфи ду рӯз танҳо дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз баста шудани се дар хабар дода шуд, ки дар мавриде аз он тифли дусола паси дар танҳо монда буд.

 Бино бар гузориши КҲФ, бо дарёфти хабар кормандони наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ба соҳибхона барои боз кардани дар ёрӣ расониданд.

"Ҳаин гуна бегоҳии рӯзи 31-уми июл аз сокини кӯчаи Нахимов хабар расид ва имдодгарон фаврӣ ба макони ҳодиса расида, дари ӯро низ боз карданд", - омадааст дар хабарнома. 

Ҳамчунин ҳамин бегоҳӣ имдодгарон бо даъвати сокини кӯчаи Маяковский дар хонаи ӯро ҳам боз карданд. Номбурда берун рафтаву калидро дар хона фаромӯш карда буд.

Кормандони Раёсати Душанберо бештар паси дари баста мондани кӯдаки дусола, ки волидонаш дар берун монда буданд, ба изтироб оварда буд.

"Хабар соати 19:21 дақиқа расид ва имдодгарон  фавран ба маҳаллӣ ҳодиса худро расонданд ва соати 19:55 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз карданд ва Амалияи дусоларо солим ба  волидонаш расонданд", - омадааст дар хабарнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин росто, аз кулли сокинони кишвар ва меҳмонон даъват карда, ки ҳангоми аз манзили истиқомати берун шудан, хеле бадиққат бошанд, чун дар хона мондани тифлакони маъсум метавонад сабаби ҳодисаҳои нохуш шавад.

315
Барчаспҳо:
кӯдак, наҷотдиҳӣ, наҷот, Душанбе, КҲФ Тоҷикистон
Спичка, архивное фото

Пулро дуздиду хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

153
(Таҷдидшуда 17:59 01.10.2020)
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

153
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

72
(Таҷдидшуда 16:56 01.10.2020)
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

72
Барчаспҳо:
артиш, даъват, Бадахшон, Тоҷикистон