Гумрукчии №1 гуфт нисбати чанд кормандаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

© ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РТПредседатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода
Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки дар шаш моҳи соли равон 33 нафар корманди ин мақомот ба ҷазои интизомӣ кашида шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти  гумруки Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон се парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаш нафар корманди мақомоти гумрук оғоз карда шуд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар ҳайати мушовараи Хадамоти гумрук тағйирот ворид кард

Вай қайд кард, ки аз ин  ду ҳолат аз ҷониби мақомоти гумрук ошкор гардида,  барои тафтиш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Сабабҳои ба ҷиноят даст задани бархе аз кормандони гумрукро сардори ин хадамот ба сохтакории ҳуҷҷатҳо, мусоидат ба қочоқи мол,  иваз кардани  ҳуҷҷатҳои молҳои воридотии арзон ба молҳои гаронарзиш ва саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ арзёбӣ намуд.

Вай афзуд, ки дар мақомоти гумрук барои ошкор кардани қонуншиканиҳо пайваста мубориза мебаранд.

Ҳамзамон Хуршед Каримзода зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон 33 нафар корманди ин мақомот ба ҷазои интизомӣ кашида шуда, аз ин шумор се нафар сарзаниш,  6 нафар танбеҳ, 18 нафар танбеҳи қатъӣ гирифта, инчунин шаш нафар  аз кор дар мақомоти гумрук  ронда шуданд.

Дар ҳамин ҳол роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон қайд кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия 118 нафар кормандон аз мансаб сабукдӯш шуда, боз 36 нафари дигар ба вазифаҳои поинтар таъин шуданд.

Роҳбари Хадамот қайд кард, ки довталбони ишғоли вазифа дар Хадамоти гумрук аз рӯйи озмун, ки дар се давр мегузарад, ба кор қабул карда мешаванд.

“Дар озмуни охир мо 69 ҷойи кории холӣ пешниҳод кардем. 105 кас дархост фиристода, аксари он рад шуд, зеро сатҳи дониши довталабон нокофӣ буда, онҳо аз озмун нагузаштанд. Агар шумо ба шаффофияти озмун шубҳа дошта бошед, метавонед ба хадамот омада, баргузории онро бевосита мушоҳида намоед” иброз дошт Хуршед Каримзода.

Лентаи хабарҳо
0